ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
САД ҶАҲОН ДАР ЯК ҶАҲОН
Ба бузургдошти Мавлавӣ
Сад ҷаҳон дар як ҷаҳон овардааст,
Ломаконро бар макон овардааст.
Безабониро забон бахшидааст,
Бенишониро нишон овардааст.
Болу пар бар ҷону дил бахшидаст,
То карони бекарон овардааст.
То вуҷудашро кунад тири Худо,
Қоматашро чун камон овардааст.
Аз ҳазорон ман яке мо сохта,
Ин аноҳоро инон овардааст.
Тори ҷонашро наво бахшидааст,
Баргҳоро бар забон овардааст.
Ин чӣ эъҷоз аст, баъди асрҳо
Боз ҳам худро ҷавон овардааст.
Бо самоъе шӯру сози ишқро
Аз замин то осмон овардааст.
Дар фурӯғи ишқ бо сози Худо
Хешро то ҷовидон овардааст.
МО, КИ АЗ САРХАТИ СОСОН БУДЕМ
Киноя аз худ
Ин дурӯғ аст, ки мо ин будем,
Ин дурӯғ аст, ки мо он будем.
Ман ба гӯшӣ ба шумо мегӯям,
Ки на он мардуми майдон будем.
Аҷнабиён ҳама ҳоким буданд,
Мо ҳама зинда ба зиндон будем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё