ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Дар диёри худу дар меҳани худ
Мо ғуломону ғарибон будем.
Мо ҳама бандаи аъробу муғул,
Хастаи ханҷари туркон будем.
Аҳли фарҳангу маъонии ҷаҳон,
Лек ноаҳлу парешон будем.
Номи мо ҷилвагари фазлу адаб,
Худи мо қӯри таҳи он будем.
Бо ҳама дониши дунёии худ
Ҳама дунболаи дунон будем.
Ин саромад ба сари мо кӣ суруд,
Мо, ки аз сархати Сосон будем.
Нобасомон шудаем, айби кӣ шуд,
Мо, ки аз сулбаи Сомон будем?!
Ориёи ману ту орӣ шуд,
Мо на беор, на урён будаем!
Иллати мост парешонии мо,
Боли Симурғи парафшон будем.
Фитна дар фитна фурӯ ғӯтида,
Фирқа дар дар фирқа фиребон будем.
Дар асорат ҳама меосудем,
Дар асирӣ ҳама осон будем.
Рӯзи озодӣ ба озодиямон
Войи мо, каф ба гиребон будем.
Мо ба озодии худ тир задем,
Зидди худ мо ҳама шерон будем...
Инак озодии мо омада боз
Ки ҳама дар ҳаваси он будем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё