Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ғайр аз бачагони хурдсол ва як тан пирамари гаронгӯш дигар касе набуд, то Кабир гап гирад.
Дар ҳавлии дигар ҳам “кори” ӯ чандон барор накард
— марди камгапу эҳтиётпешае дучор омад.
— Ҳавлии мудири ферма дар куҷо, намедонед? — гӯё дар омади сухан аз ӯ савол кард Кабир.
— Мудири ферма? Бадалбек?
— Ҳа.
— Ҳу, ҳамин кӯча катӣ поён меравед, иморати калони дарвозадор.
— Худаш дар хона бошад?
— Ман чӣ донам, додар.
— Ҳар хел гап мезананд, рост?
— Ман чӣ донам.
— Серпул аст?
— Ман сандуқи уна надида бошам.
Кабир пай бурд, ки ӯ аз хусуси Бадалбек бо одами бегона сир додан намехоҳад, хомӯш шуд ва дар дил ин марди «Ман чӣ донам» - ро нафрин кард.
Оқибат ӯ ҳамсӯҳбати даркориашро дучор кард. Вай як марди лоғарандоми метавон гуфт, пӯсту устухон, чашмҳояш чуқур, нигоҳаш мисли феълаш тез, рафтору гуфтораш бетакаллуф ва дуруштнамо буд.
— И-и, номаша нагир падарлаъната! — гуфт вай номи Бадалбекро шунида. Сонӣ носашро аз тирезаи айвон ба берун туф карду пайрави суханаш пурсид: — Ба ту ҳам ем-пем ваъда карда буд?
— Не, — гуфт саросема Кабир. — Дар район аз хусуси вай хар хел гап мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё