Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Ҳар чӣ гӯянд — сад фоиз дуруст. Гург дар сари рама чӯпонӣ мекунад. Ба гург аз ин зиёд боз чӣ даркор аст?.. Ин хелҳоро ҳукумат ҳам ба даст фуроварда наметавонад. Ба дарьё меафтаду хушк мебарояд нокас.
Медонед, барои чӣ? Ман медонам. Баъзе одамоне, ки ҳукумат ба онҳо сад фоиз эътимод мекунад, корҳои чатоқашонро дасти ин катӣ буд мекунанд, бародар. Дар район назорати халқӣ ҳаст, раиси он писари як хеши дури мо. Вай мора намешиносад. Ба қарибӣ аз як хеши дигарамон ногаҳ фаҳмидам, ки писари ҳамон раис, ки дар институт мехонд, як гуноҳи сахт катӣ ба даст афтодаст. Раиси назорат ҷонҳавлӣ Бадалбекро ёфта фиристодасту аз он ташвиш халосаш кардаст. Ин мурдор расо реша партофтагӣ-да.
— Гуноҳаш бисьёр аст, мегӯянд, — зоҳиран лоқайд ҳамфикрӣ изҳор кард Кабир. — Аз паси ферма расо давру даврон доштаст-дия. Ба занону духтарон чашм ало карданаш рост аст?
— То шамол набошад, шохи дарахт меҷунбад? — пурсид соҳибхона ба дарахти хурмои саҳни ҳавлӣ ишора карда ва ҳамоно пайрави саволи худ гуфт: — Замона намебардорад, набошад, ин хел нокасона...
астағфуруллоҳ... — вай аз ғазаб лаб газид. — Бовар мекунед, ба шумо дурӯғ, ба худо рост, нони ҳамин халқу давлата хӯрда, ба дастархон туф карда гаштагӣ одам ҳамин аст. Бачаи эркатулфораш чӣ номаъқулие кардасту ба ҷони муаллим расондаст, вай як шаппотӣ задаст.
Дайюс ҷои он, ки писараша таъзир диҳад, дар роҳ муаллими бечораро дошта қамчинкорӣ кард. Зану духтар гуфтӣ, ин гап ҳам бесабаб не. Пор аз дасти вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё