Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гул барин як духтари бегуноҳ бадном шуду убол аз деҳа сар гирифта рафт. Ин нокас ягон рӯз ҷазоша мебинад, оҳи халқ беасар намемондагист.
Кабир доир ба «он духтар» пурсон шуд ва мардак ҳодисаро мухтасар баён кард.
— Барои чӣ даъво накарданд? Раҳбарон чаро хомӯш монданд? — пурсид Кабир ғазабаш ҷӯшида. Баъд заҳрханде карду гуфт: — Қишлоқ қишлоқ аст.
— Раҳбарон миёнагир карда, гапзанон кардаанд.
Духтарак аз номус ба ҳеҷ кас, ҳатто ба падару модараш ин сирро нагуфта, аз деҳа баромада рафт. Сонитар бӯи ин кор баромад, аммо нокас тан нагирифт. Падари духтар як марди бечора, хешу табори Бадалбек катӣ шох ба шох мезадагӣ надорад. Э-э, ин палид кӯҳна ҳаромхиштак аст. — Мардак бо танаффур даст афшонд ва носкадуяшро аз ҷайб бароварда, ба зери забонаш нос партофту боз суханашро бемалол идома дод: — Аз ин як даҳ сол пеш аз боиси ҳамин хел номаъқулиаш кӯфта, маъюб карда буданд. Барзагов мурад ҳам, боз чашмаш
— ало.
— Чӣ кор кард? Барои чӣ кӯфтанд? — зуд савол кард Кабир.
— Як хеши дураш аз ин нокас панҷсад ё шашсад сӯм қарз мегирад. Шабе дар набудани он мард ин мурдор ба хонаи вай меравад. Зани ун чой мекунад, дастархон мекунад. Ин номард ба занак «қарзатона бахшидам, ту ба ман меҳрубон шав, пӯла-шӯла» мегӯяд. Занак сир надода берун мераваду ба хешонаш мегӯяд, ки гапу кор чунину чунон аст. Кӯфта, лах-лах карда, саг барин бароварда, ба кӯча мепартоянд. Ҳамон вақт ҳам аз ферма мегиранд-мегиранд гуфтанду не, пишакаша ҳеҷ кас пишт нагуфт...

пешина
аз 538
навбатӣ