Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Э, тавба, — мардак худ ба худ тааҷҷуб мекарду сар меҷунбонд. — Пештар тагу тӯби одама санҷида, фаҳмида, сонӣ ба ин хел мартабаҳо лоиқ медиданд.
Солҳои пеш аз ҷанг, баъди ҷанг ҳам одам ҳақ дошт, ки ба моли давлат, ба ризқи мардум чашм ало кунад? — Вай носашро туф карду дар хотимаи суханаш оҳе кашида гуфт: — Ман ба шумо гӯям, то ҳукумат таноби ин хелҳоро накашад, кор пеш намеравад, инҳо халқа бероҳа мекунанд. Одам агар ба ҳаромхӯрӣ одат кунад, дигар ӯро аз ин роҳ гардонда намешавад, додар. Аслан, пулу моли ҳаром катӣ шикам сер шавад ҳам, ба тани кас ош намешавад. Ба ҳамин син даромада чӣ қадар ҳаромхӯронро дидам, ҳисобаш не. Охири кори ҳамааш — вой. Ягонтааш моли халқу давлатро хӯрда, ба роҳат аз дуньё нарафт, ки нарафт. Агар худаш сазояшро накашад, фарзандонаш кашиданд. Ана, ҳамин палиди Бадалбекро гирем: талабаҳо аз шаҳр хабар оварданд, ки духтараш ҷавонони дайду катӣ шабҳо дар ресторанҳо кайф мекард аст, дар кӯчаҳо масту аласт дасту бағал мегаштаст. Аз афти кор, чанд бор аз мактабаш ҳам рондаанд ё аз синфаш нагузаштаст магар, додош рафта, хеле хароҷот кашида омад, гуфтанд. Ана, ҳамин хел, аз бод омада ба бод меравад, додар. Аммо чӣ илоҷ аз ин саргузашт ягон ҳаромхӯр ибрат намегирад. Ба зану духтари мардум чашм ало кардагиҳора пур дидам, додар, оқибат зану духтарашон ба роҳи ганда рафтанд, беномус шуданд.
Албатта, шумо одамони ин замона, хондагӣ, ба ин хел гапҳо механдед. Лекин чӣ гуям... — марди тундмизоҷ заҳрханде карду худ ба худ даст афшонд. Баъди лаҳзае

пешина
аз 538
навбатӣ