Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
таваққуф суханашро хулоса баста гуфт: — Шумо ҳам ҳозирбинед, оқибаташро фикр намекунед. Ҳамаи ин алғов-далғови дуньё аз касофати одамони кӯтоҳбин аст.
Зӯроварӣ ҳам, фиребу қаллобӣ ҳам, хунрезию ноҳақӣ ҳам. Агар дар дуньё одамон адолату инсофро шиор мекарданд, андозаи қадри ҳар кас ростию адолат мебуд...
— Ҳой, амак, мегӯянд-ку, панҷ ангушт баробар не, — сухани ӯро бурида эътироз кард Кабир. — Дар боғатон фақат гул намерӯяд, хор ҳам аст.
— Дуруст, дар ҷое, ки гул ҳаст, хор ҳаст, панҷ ангушт баробар не, инашро ҳам медонам, — ба вай имкони сухан надод ӯ. — Лекин хинсир агар нарангуштам гӯяд, аз инсоф набудагист? На қади нарангуштро дораду на бори онро мебардорад, — ӯ ангушти хурдашро намуда, таъкид кард.
— Парво накунед, давидани гӯсола то каҳдон, вақту соаташ расад, ҷилавгирӣ мекунанд. — Бепарво даст афшонд Кабир.
Тамасхур ва оҳанги нописандонаи гуфтори ӯ ба марди деҳотӣ сахт расид магар, вай лаҳзае димоғ тоб дода хомӯш монд. Авзоъаш гувоҳи ҳол буд, ки ӯ аз дарди дил гуфтанаш ба ин ҷавони ношинос пушаймон аст. Вай бо чӯбчаи гӯгирде, ки усто сигорашро оташ гиронда партофта буд, ба замин хат мекашид.
— Шумо шаҳриҳо мора қишлоқӣ мегӯед, гӯлу нодон, аз маданият дуру меҳисобед, — гуфт оқибат мард аз андеша сар бардошта бо алам ба Кабир хитобан. — Гумонатон одам агар либоси тозаю дарзмол кашидагӣ пӯшад, гапаш суроби гапи радио бошад, ақл дорад, маданият дорад. Ба фикри ман, ақл ҳам, маданият ҳам инсофи одам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё