Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инсоф набошад, дигараш — як пул.
Ман ҳам агар дар шаҳр зиндагӣ кунам, либоси тоза мепӯшам, шаҳриёна гап мезанам, шумо ҳам агар ба деҳа оеду кори маро кунед, як сол нагузашта, сару либосатон аз сари либоси ман фарқ намекунад, додар. Ҳолӣ ҷавонед, ба гапи ман гӯш кунед: шумо шаҳриҳо калонгирӣ накарда, ба мардуми деҳа ғамшарик шавед.
Ҳар сол чӣ миқдор комиссия вакилу муфаттиш ба колхоз омада мераванд, ҳисобаш не. Агар арзи ҳол кунем, «мебинем, месанҷем» мегӯянду бо ҳамин тамом. Ба деҳа, ба мардуми деҳа то аз дастатон омадан ёрӣ кунед, ана сонӣ деҳқон алафашро ҳам худаш медараваду пахтаашро ҳам худаш меғундорад. Сад фоиз меғундорад, ба ман бовар кунед.
— Шабу рӯз бозоргардӣ кунед, колхозро тала кунед, шаҳриҳо омада кор кунанд, боз аз онҳо домангиред? — гуфт Кабир лоқайд ба рӯи вай нигариста.
Мард ба истеҳзо сар ҷунбонду сонӣ ба чашми Кабир лаҳзае дигаргуна нигариста истод, чунон ки шиноси деринашро акнун шинохта бошад Кабир аз инчунин нигоҳи вай беқарор гашту пурсид:
— Ҳа, чӣ менигаред?
— Ҳа-а, ҳамту... — гуфт вай зери лаб ва чашм ба замин дӯхт. Баъди лаҳзае сукут вай сар бардошта ба рӯи ҷавон боз нигаристу пурсид: — Шумо аз устохонаи район не. — Якбора ба шумогӯӣ сар кардани мард Кабирро ба тааҷҷуб афканд. — Росташро гӯед... Аз рӯи гапатон... — вай тахмини худро ба гуфтан ирода накарда ғӯлингхоӣ дошт.
— Аз рӯи гапам чӣ?

пешина
аз 538
навбатӣ