Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҷо бархосту аз паси вай хомӯш нигариста монд. Аз дилаш гузашт, ки ҷавони бечораро зиёда озор доданаш хуб не, бояд ки ба як қарор ояд. Ин андеша дар сар ба Кабир раҳм оварду худро маломат кард. Сипас ба худ гуфт: «Агар шарм намекардам, ҳозир рафта, аз амаки Лочин мепурсидам: ба ҳамин Кабир расам, ё не, шумо чӣ мегӯед, мегуфтам. Ҳайфо, ки духтар аз ин хусус пурсида наметавонад. Девона шудаст мегӯянд. Аслан, барои чӣ ба ҷавон айб неву ба духтар айб аст? Ҷавонон ҳар коре хоҳанд, ихтиёр доранд, ҳар чӣ хоҳанд, мепӯшанд, дар ҷое хоҳанд мераванд, ҳар киро хоҳанд, ба занӣ мегиранд. Очаам мегуфтанд, ки худо бад дидагиашро зан месозад. Не, ман аз зан буданам розиам.
Фақат мехоҳам, ки мардон ба қадри зан расанд, онҳоро ҳимояву пуштибонӣ кунанд. Охир, на ҳамаи занон ҳаққу ҳуқуқ ва иззату шарафи худро ҳимоя карда метавонанд.
Албатта, баъзе занҳо дар ҳама кор аз мардон намемонанд. Аммо ман ин хел буда наметавонам ва намехоҳам ҳам. Зану мард якранг шаванд ҳам, намезебад. Масалан, ман агар мард мебудам, духтареро, ки баробари ман тамоку мекашад, шароб мехӯрад, зан мекардам? Не, зан зан барин монад, беҳтар аст. Саг аз бӯи худаш безор аст мегӯянд, агар зан дар ҳама бобат мард барин бошад, шавҳарашро дилгир мекардагист?
Умуман, сару либос, муносибат — ҳама мафҳумҳои шартӣ будаанд. Ҳар он чӣ расм бошад, ҳамон дуруст мегуфтаем. Аммо агар ман Абдулло барин доим ба равған ғӯтида, дар даст калиди якманию сатили равған ба таги дастгоҳҳо дарояму вай дар ҷои ман истода, торҳои кандагиро бандад, хуб аст? Не, намезебад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё