Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳар як қадами Занҷир хабардор мекард. Балки кайҳо духтарро ба никоҳи худам медаровардам. Ин духтараки аҳмақ аз ман гузашта ба кӣ мерасад?.. Як кас даркор аст, то ки шабу рӯз ба гӯши вай ин гапа чакконда истад, дилаша гарм кунад. Каллаи ин ҷавонону духтарона гапҳои пуч катӣ пур мекунанд, аз ҳамин сабаб дар кисаашон як пули сиёҳ набошад ҳам, ситораи осмона нишон гирифта мегарданд. Сонитар мефаҳманд, лекин фоида надорад. Ҳозир ақли ин Занҷир ҳам кӯр аст. Хуб, ана ба ягон ҷавони косагадо мерасад, баъд чӣ? На хонаю ҷои дуруст, на орзую ҳавасу сару либос, барои як ишкамаш рӯз то бегоҳ хар барин кор карда мегардад.
Кошки, аз пӯшоку хӯрокаш ягон чиз изофа кунаду роҳат бинад. Эҳ, аҳмақ, аҳмақ... Ана, ин сакалтуҳора бинед, «ман — коргар» гӯён аз дарвоза чунон дабдабаю азамат катӣ баромада меоянд, ки гӯё соҳиби ягон район ё вазорат бошанд, димоғашон осмона сӯз медиҳад.
Ягонтааш суроби одамшаванда надорад, ки ҳамгап шавам... Ба хобгоҳаш рафтам, кампири дарбона ба гап гирифтам, лекин аз вай гаранг ҳеҷ фоида намерасидагӣ барин. Ба ҳар ҳол, дилаша гарм кардам, даркор мешавад. Эҳ, агар дар шаҳр ҳавлӣ харида, побарҷо мегаштам... Сонӣ... ниятам калон аст...»
Аз дарвоза ду тан мардони миёнсол ҳамсӯҳбат, бо хандоханд берун омаданд. Бадалбек ба сару тан ва табъи чоқи ин мардон нигариста, ба таъбири худ онҳоро «одамшаванда» ҳисобиду се-чор қадам пештар рафт, ҳатто ба салом лаб ҷуфт кард, вале коргарон ба сӯи вай эътиное накарда, ба самти муқобил раҳсипор шуданд.
Бадалбек ба умеди он ки ҷониби вай менигаранд, аз паси онҳо панҷ-шаш қадам рафту сонӣ ночор қафо гашт.

пешина
аз 538
навбатӣ