Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
«Одами шаҳр ин қадар саросема буданашро намедонистам, — мегуфт вай ба дил.— Ҳамааш моли ташна барин, гӯё дилу ҷигараш даргирифта бошад, аз дарвоза мебарояду ба чапу рост нанигариста метозад-е...»
Ин лаҳза вай дар рӯ ба рӯяш Занҷирро диду сараввал сонияе карахт монд ё ба чашмонаш бовар накард, баъд худро ба даст гирифту ба лабонаш табассум давид. Ӯро дучор кардан дар хаёли Занҷир ҳам набуд магар, якбора нафасаш дар гулӯ печ зад, рангаш канд ва пеш ё қафо рафтанашро надониста, лаҳзае саргаранг истод.
— Занҷири ҷон...
Занҷир хавотиромез ба атрофаш нигарист, сипас ғазабнок ба чашми Бадалбек чашм дӯхту далер ба вай рӯ ба рӯ рафт.
— Ҳой, амаки Бадалбек, — гуфт тез-тез ба овози паст, хавотиромез ба атрофаш нигариста, — ақлатон дар ҷояш ё не?.. Э, тавба, одами кап-калон кӯдак барин...
— Муҳаббати ту... — сухани ӯро бурид Бадалбек.
— Муҳаббатро ба пулу мол намехаранд, — ба вай имкони сухан гуфтан надод Занҷир. — Беҳуда овора нашавед. Бекора. Ман акнун Занҷири пешин нестам.
— Бекора не, Занҷири ҷон, — даст ба сина ниҳода бо сарҷунбонӣ таъкид кард Бадалбек. — Ҳеҷ кас ман барин туро дӯстдор намешавад. Ман хоб дидам, фолбин ҳам гуфт, — тақдири мо ба якдигар афтодаст, аз тақдир гурехта намешавад, ҷони ширин. Бахтро пешпо назан, худатро ба фалокатҳо пешрав накун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё