Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ҳам, ба Фотима намечаспид. Ҷавонони олуфта ва ҳаводори ашьёву либос аввал ба пӯшиши духтарон менигаранд, вале аҳли касбу ҳунар баръакс, зевари занону духтаронро гӯё намебинанд. Агар аз ин ҷиҳат нигаред, сару либоси Фотима аз нодиртарин ашьёи хориҷӣ буд. Арзиши гӯшворааш ба харҷи тӯйи як ҷавон баробар, ҳалқаи расми охирин, ки «барги тут»
мегуфтанд ва баҳояш аз шашсад сӯм кам не.
Ангуштаринҳои тиллояш бо сангҳои дараҷаи аввал аксандозӣ мекарданд.
Бо ин ҳама Кабир ӯро дида, ба як бор гӯё тарбузаш хом баромада бошад, лаҳзае пушти сар хорид. Гардани аз андомаш ҳам сиёҳтар, рӯи паҳн ва бинии лӯндаи ин духтар Кабирро малул карданд. Кабудии болои пилки чашмон, ранги зиёда ғализи ба мижгон молидааш, ғозаи ба ранги рӯю гардан номувофиқ — ҳама, аз завқи пасту бетарбият ва тақлидкории ӯ далолат мекарданд. Мӯяш зебо буд, вале духтар онро бурида, худ бехабар гардани ғафсу кӯтоҳашро дар назарҳо боз кӯтоҳтар ҷилва медод.
Вай чандон духтари безебу беназокат набошад ҳам, Кабир ба як бор ӯро бо Занҷир муқобала ва муқоиса карду сахт малул гашт. Ҷавон ғофил аз он буд, ки дар муқобили малоҳати Занҷир на фақат Фотима, балки бештарин духтарону занони хушгил таъсири ҳусни худро гум мекунанд, ситораашон тиратар мегардад.
Кабир дар нисбати Фотима худро зеботар донист.
Вай ҷавони миёнқад бошад ҳам, китфу бозувони хушбаст дошт, ҷабину чеҳрааш кушода, нигоҳаш равшан буд. Агар баъзе одамшиносҳоро истисно кунем, аз бисьёр ҷиҳат вай ба атрофиён писанд меафтод. Дар чашмонаш ифодаи ҳалимӣ бо нури шодмонии махсуси кӯчакона медурахшиду ҳисси худписандии ӯро пинҳон медошт, дар гирди лаб барои ҳар як мавриди зарурӣ ва инсонӣ даркориаш табассуме тайёр дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё