Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Ҳоло вай дар донишгоҳ аз паи Фотима афтоду паёпайи ӯ то истгоҳи мошин омад. Духтар дар истгоҳ касеро нигарон истод. Сараввал Кабир ин чашмдошти ӯро пайхас накарду ба наздаш рафта, худро шиносонданӣ буд, вале беқарор, ҳар лаҳза ба соаташ нигаристани ӯро дида, аз ин ғараз даст кашид. Гумонаш хато набаромад. Лаҳзае аз миён гузашту як ҷавони қоматбаланд, ки аз лаби болояш то анголик бурути ҳалқашакл дошт, хаш-хашкунон омаду бо ду дасти дарозаш бетакаллуф аз шонаҳои духтар гирифта, ӯро ба худ ҷафс кашид ва ба фарқи духтар ҳалқаи буруташро расонда, бӯса зад. Мисли он ки ногаҳон ӯро торсакие зада бошанд, чашмони Кабир сиёҳӣ зад. Ба назараш чунин намуд, ки ин ҷавони манфур мӯйлаб не, ба даҳонаш наъли чиркини аспро овехтааст. Онҳо дар ҳамон вазъи ҳамоғӯшӣ гуфтугӯ доштанд. Фотима сарашро боло карда, даҳонаш ба манаҳи наълбурут бо изтироб сухан мегуфту сухан мегуфт. Раҳгузарон, марду зан — дар истгоҳ будагон аз бешармӣ ва сахтрӯии ин ду тан танаффур ва кароҳати худро пинҳон намекарданд, адоватомез ким-чӣ суханони маломат мегуфтанд, вале ошиқу маъшуқа гӯш ба карӣ зада буданд.
Азбаски инчунин мулоқот ва оғӯшу канор дар назди ҷамъият миёни тоҷикон ҳаргиз расм набуд, мардум ба ин ҳол бепарво нигариста наметавонистанд. Дар назари куҳансолон ин ҳол аломати бешармию беадабӣ буд, аммо фирқае аз ҷавонон ҳоло ба тарзи қадим зистанро гардан намефуроварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё