Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дафъаи сеюм вай Фотимаро боз ҳамроҳи он навчаи наълбурут ёфт, вале ин бор ҳамроҳи он ду ба мошин савор шуд.
Дар мошин Кабир пушт ба онҳо гардонда наздик истоду канда-канда бошад ҳам, ҳиссае аз гуфтугузори онҳоро шунид. Садои мошин ошиқонро маҷбур мекард, ки баландтар сухан гӯянд, ё гӯши яке аз онҳо гаронтар буд магар, ба ҳар ҳол, барои одами гӯш ба қимор шунаво сухан мекарданд.
Фотима: — Куҷо будӣ, дайду? Муаллим туро пурсид... Чӣ шуд?
Наълбурут: — Ҳозир не. Илоҷам нест, падарам...
Фотима: — Ҳисобата ёб... Пушаймон мешавӣ.
Наълбурут: — Чӣ кор кунам? Гӯй.
Фотима: — Ҷудо шав, вассалом. Агар...
Наълбурут: — Падарам... намехоҳанд...
Фотима: — Нобуд мешавӣ...
Наълбурут: — Як бало кун.
Фотима: — Бадбахт намекунам.
Наълбурут: — Ҳозир имкон надорам. Мехоҳам, лекин...
Фотима: — Ба ҷонат ҷабр мекунӣ...
Наълбурут: — Э, натарсон... Ман...
Кабир аз ин гуфтугузори қисман шунидааш, ки бештар иборат аз рамзу ишора буд, матлабро қиёсан пай бурду тарбузаш аз бағал афтод. Баъд давоми сухани онҳоро гӯш накарда, аз мошин фуромад. Вай аввал раҳораҳ қасд кард, ки ин савдоро аз сараш берун афканад. «Ба қисмати бебарор тан додан даркор, —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё