Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мегуфт вай гаштаю баргашта ба худ. — Агар толеъ мадад накунад, ҷаҳду ҷадал беҳуда будаст. Ин духтар беисмат барин... Инро зан карда мешавад магар? Ба рӯи падару модар, хешу табор чӣ хел менигарам. Одатан, арӯси беномусро зуд ба хонаи падару модараш баргашта мефиристанд. Не, падару модар, хешовандонашро ҷеғ мезананду ҷойпӯши сафеди арӯсу домодро ба онҳо нишон дода шармсор мекунанд, сонӣ «духтаратона гирифта баред» мегӯянд. Ин гап дар ҳама ҷо овоза мешавад. Чор-панҷ сол пеш аз ин дар маҳаллаамон арӯси писари нонвой беисмат баромаду ғавғои маҳшаре бархоста буд. Падару модари духтар шабона омада, духтарашонро бисоташ катӣ бурда буданд.
Муйсафедони маҳалла гиребонашонро дошта, тавба мегуфтанд, баъзе мардони бадзафт ба сӯи мошини боркаше, ки бисоти арӯсро бор мекарданд, туф карда «Байталчаатона ба айғир монда, сонӣ тӯй кардед-дия»
мегуфтанд. Бечора хешовандони арӯси ноком сар бардошта, ба рӯи атрофиён наменигаристанд. Бачаҳои авбош аз қафои мошини онҳо кулӯхғурронӣ карда, носазо мегуфтанд... Не, падару модар ҳам аз ман нафрат мекунанд, ҳам аз ин хел арӯс... Доим гули бахти ман агар хандад, заҳрпечак мебарояд. Як бор дигарҳо барин бахти ман ҳам, бегилу ғаш хандад чӣ мешавад? Ин қадар ситораи ман шум будаст, намедонам. Ман қанд мегирам, аммо худо онро ба намак магардонад-е! Чӣ кор кунам?
Кӣ ба ман маслиҳат медиҳад? Кӣ?.. Баъзан одам ба маслиҳати одами оқил зор мешавад. Лекин ҳозир маслиҳати ягон кас кор намеояд. Агар Афлотун аз гӯраш бархоста ояду маслиҳат диҳад ҳам, одам боз бо салоҳдиди худаш кор мекунад. Дигаронро намедонам, аммо ман аз донистаи худам намемондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё