Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гузашт: «Духтари бадном шуда ҳам, касро ба изтироб меовардаст. Гумонам шатар-патар суханамро мегӯям».
— Маро? Аҷоиб... — Фотима дар муқобили ҷавон аз роҳ истоду сарашро ишваомез ба як китфаш хам карду сонӣ ба нишони таҳайюр китфонашро боло кашид.
Чашму абрувонаш низ бо нимадо боло шуданд, мижаҳояш ҳунармандона пир-пир париданд, дар лабони ғафси духтар табассуми истеҳзоомез давид. Агарчӣ аз бобати Кабир хабардориаш аён бошад ҳам, Фотима худро ба нодонӣ мезад ва ин корро бағоят моҳирона.
артиствор дилҷӯю ширинадо иҷро мекард.
— Шумо духтари амаки Бадалбек охир? — пурсид Кабир, асосан на аз ваҷҳи шубҳа, балки бештар ба нияти худро шиносондан ва ба матлаб наздик омадан.
— Шумо падари маро мешиносед? Ғалатӣ. Ман ягон бор шуморо надидаам.
— Мо ба қарибӣ шинос шудем. Ҳамту, шинос гуфтан ғалат будагист... Мо додару бародар барин. Балки аз ин ҳам наздиктарем.
— Ҳа-а, дар омади гап ким чӣ мегуфтанд, ман дуруст гӯш надодам.
— Ман факультети иқтисодиро тамом кардам, ҳозир дар шаҳр кор мекунам. Иқтисодчии як фабрикаи калон... Ҳа, ҳамон атласҳое, ки шумо духтарон мепӯшед, аз фабрикаи мо мебарояд. — Кабир аз ҳаячон тез-тез сухан мегуфту нафасаш дар гулӯ мепечид.
Онҳо оҳиста аз пайраҳа қадам мезаданд. Аз миён панҷ, дақиқа фурсат гузашт ё не, Кабир ҳис кард, ки тамоми тарҷумаи ҳолаш ва ҳамаи он чӣ ба гуфтан меарзад, ба духтар изҳор кардааст.

пешина
аз 538
навбатӣ