Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Агар дар дилаш заррае шубҳа бошад ҳам, ҳоло теғи ҳирсу ҳавас зуд онро пора менамуду ботил мекард. Гӯё чашмонаш ҳоло фақат Бадалбекро медиданд, ӯро мешинохту бас ва неку бад, савобу носавобро гӯё фақат бо чашми валинеъмати худ менигарист. Бешак, Кабир ба ин тариқ сояи тираи Бадалбек будан намехост ва агар ҳозир касе аз ин хусус ба вай ишорае кунад, ӯ ҳаргиз ин вазъи худро тан намегирифт. Кабир дипломи донишгоҳи олиро гирифта буд, ба иқтисодиёти корхонаҳои саноат сарфаҳм мерафт, вале ӯро ҳанӯз инсони зиёӣ ва равшанфикр ҳисобидан хато буд, агарчи худро ҳамадон мегирифт.
Ҳирс ӯро ҷилавгир гашта, ҳама подошҳои ҷавониро ҳоло чун бори нодаркор якояк ба роҳ афканда мерафту мерафт. Аз ин буд, ки аломатҳои деррасии баъзе ҷавонони имрӯз дар тимсоли вай аён буд, баъзан хубу зиштро ба дурустӣ тафовут накарданаш бисьёр касонро дар тааҷҷуб меовард. Асари ҳамин гумроҳӣ буд, ки ӯ орзуманди маслиҳатгари дидаваре, ҳар замон оҳи ҳасрат мекашид, рафтору гуфтори атрофиёнашро тавзеҳ карда натавониста, таҷанг мегашт.
Фотима баргашта берун омаду Кабир далер ба истиқболи вай рафт. Духтар пешвоз омадани ӯро аз таҳи чашм нигаристу зери лаб хандид, сонӣ бо адою ишваҳои махсус сарашро гоҳ ба як сӯ хам карда, гоҳ боло бардошта раҳашро давом кард.
— Ассалом, Фотима... Ман шуморо диданӣ омадам.
Илтимос, як дақиқа истед. — Кабир беизтироб суханашро гуфтанӣ буд, вале натавонист. Аз дилаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё