Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҳатто ранги рухаш андаке канд. Сонӣ зуд ба духтар ҳамроҳӣ карду аз дарвозаи фабрика дур шуд.
Фотима бидиррос зада, гап мезаду гап мезад.
— Ман дина суханони шуморо хуб фикр кардам.
Аввал ҳайрон мондам. Кӯр шавам, ки дар аввал ҳеҷ чизро нафаҳмида гаранг будам. Ин бача чи ҳақ дорад, ки якбора раҳи маро гирифта ин хел сухан мекунад, гӯён дар қаҳр шудам. Аз алам шаб ба хона занг задам. Сонӣ камтар аз алам фуромадам. Намедонам, шумо чӣ кор карда, дили додомро ин қадар мафтун кардаед. Гуфтам, ки ман аз ҷои дигар андаке дилкашолӣ дорам, аммо он кас ин суханро шунидан ҳам нахостанд. Мардони деҳа ҳамин хел мутаассибанд, ки ҳеҷ монед. «Ман туро ба Кабир медиҳам, вассалом! Агар рад кунӣ, ту духтари ман не!» гуфтанду гӯшаки телефонро партофтанд.
Сухани падару модарро кӣ ҳақ дорад, шиканад? Моро дар хонавода ҳамин хел тарбия кардаанд... Ҳа, воқеан дилкашолӣ доштаст гӯён дилатонро бад накунед, ҳамту, аз қафоям давида мегаштанд, аммо ман, фу, назару писанд намекардам...
Чанд бор ҷои сухан омаду Кабир даҳон ҷуфт кард, то аз бобати он ҷавони наълбурут савол кунад, аммо Фотимаро ранҷондан нахост. «Духтарро ранҷондан фоида надорад. Чанд бор ишора кардам, ки аз саргузашти ӯ воқифам, арзан барин эътино накард. Агар гуноҳ мекард, сурх мешуд. Ё ин духтари шайтонхаёл моҳирона худро ба гарангӣ зад?... Ку, бубинам, падараш чӣ мегӯяд...»
Фотима ҳар рӯз, баъди кор Кабирро дар таҳи дарвоза истиқбол мекард. Ин ҳолро фаҳмида, занону духтарони фабрика баъзан тӯдакашон баромада, духтари интихобкардаи ӯро медиданд.

пешина
аз 538
навбатӣ