Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боре Занҷир берун омада, онҳоро ба ҳам диду хандида, қафо гашта даромад.
Баъди се-чор рӯз Занҷир Кабирро дар саҳни корхона дучор карда, асроромез хандида гуфт:
— Кабир ако, шумо бурут намемонед? Мегӯянд, ки ба баъзе духтарон ҷавонони бурутдор хуш меоянд. Қулфи анбор барин як ришу бурути ғафс монед, мебинед, коратон чӣ хел барор мекунад.
Занҷир хандон-хандон инро гуфту гурехту рафт.
Аммо овозаш тамоми рӯз дар гӯши вай садо медод. Ин овоз шабонгаҳ дар бистари хоб, рӯзҳои дигар ҳам пайваста дар гӯши Кабир ҷарангос мезад, ӯро беқарор мекард, ришта барин тоб медодаш. Сонитар ин заҳрханди духтар батамом оромиши ӯро бибурд. Кабир аз рӯбарӯшавӣ бо Занҷир мегурехт.

Баъди ду ҳафтаи шиносоию киноравиҳояш Бадалбек як рӯз Кабирро ҷуста ба корхона омад. Кабир серкор буд, аммо як гӯсфандро ба хонаашон додани ӯро шунида, ба ночор баҳонае пеш оварду аз кор иҷозат гирифт ва ба Бадалбек мувофиқат кард. Аслан, вай аз омадани ӯ чандон хурсанд набуд, зеро бо Фотима чи кор карданашро ҳанӯз намедонист.
Бадалбек ҳоло ҳамроҳи Кабир мошинашро ба сӯи маркази шаҳр ронд, ба хонаи касе расида, аз бордони мошин як лингаю ду-се қутти пурборро ба соҳибхона дод ва сипас ба идорае даромада дуру дароз ғайб зад.
Сонӣ онҳо дар ҷустуҷӯи директори таъмиргоҳи мошинҳо хеле вақт саргардон гаштанд. Ба кадом як

пешина
аз 538
навбатӣ