Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷир ғайриихтиёр чиррос заду чашм кушода, худро рӯи зин дид ва хавотиромез ба атроф нигарист. Оля дур рафта буд. Вай аз хиҷолат бо ду даст рӯяшро пӯшид.
— Бубахшед, Занҷир... дигар илоҷе набуд, — гуфт Довар ба аспаш савор гашта. — Пештар арӯсро худи домод бардошта, ба асп савор мекардаст. Ҳоло ин одат қариб фаромӯш гаштаст, арӯсро ба хонаи домод мошин кати мебаранд. Дар ин шаҳр фақат ба ман насиб афтод, ки...
— Ин чи гуфтагетон? — Занҷир нимтабассум дар лаб лаҷоми аспашро андаке кашиду ба Довар наздик шуд. — Ҳар кас арӯси худашро савор кунад, аз рӯи инсоф мешавад.
— Аз сел гузарем, сони мегӯям, — вай асроромез, як навъ хушбахтона табассум мекард.
Дар чашмони Занҷир шарорае гӯё чароғак зад, дар чеҳрааш шодмонии беғубор гул кард, лабонаш ба табассуми ширини хушбахтона моил шуданд. Табассуми вай чунон ширину беғаш буд, ки ҳар инсоне ба он ночор бо табассум ҷавоб медод. Аз як назар кас бовар мекард, ки дар дили ӯ норостие пинҳон нест, ӯро ранҷонда, фирефтан уболи сахт аст, ӯро дӯстдор набудан, аз ӯ даргузашта, дигареро тарҷеҳ кардан ғайриимкон аст. Ин лаҳза дили вай чунон ба шиддат метапид, ки садои он ғурриши ваҳмангези селро билкул пахш карда буд. Вай аз ин ҳолат вақте ба худ омад, ки асп аз об гузашта дар канори сой истода буд ва сарашро афшонда гӯё ӯро «фуро охир!» мегуфт.
Онҳо баъди аз селоб гузаштан аз зин фуромада, пиёда аз ҷилави аспҳо гирифтанду ба роҳ даромаданд. Довар

пешина
аз 538
навбатӣ