Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз паҳлӯи Занҷир омаду оҳиста дасти ӯро гирифт. Дасти духтар бағоят сард буд.
— Занҷир, хунук хӯрдаед... Баногоҳ шамол нахӯрда бошед гӯён метарсам. Ҳозир ба манзил расем, арақ меёбам. Ба бистар дароеду ба духтарҳо гӯед, тамоми баданатонро арақ моланд. Либосҳои гарм пӯшед.
Либоси гарм оварда будед?
Занҷир ба нишони тасдиқ сар ҷунбонду оҳиста дасташро аз дасти ҷавон раҳо кард.
— Ман шуморо дӯст доштаам, Занҷир, — гуфт вай баъди лаҳзае хомӯш роҳ гаштан. — Шабу рӯз аз пеши назарам дур намегардед. Аз боиси шумо розиам, ки алафдаравӣ якчанд моҳ давом кунад. Волидайни ман шуморо аз падару модаратон хостгорӣ кунанд, розӣ шавед-а?
— Нашинохта, надониста, якбора хостгорӣ?! — Занҷир чашмонашро калон карда ба Довар нигаристу хандид. — Булҳавас гӯям, ба булҳавас монанд нестед.
— Дар назди муҳаббат ҳазор далели ақл эътибор надорад, Занҷир. Санҷидан, имтиҳон кардан кори одамони аз ишқ бебаҳра аст. Агар сидқан дӯст доред...
— Нишонаи дӯстдорӣ чӣ хел аст, ба ман ҳам гӯед,— нимҳазлу нимҷиддӣ хоҳиш кард Занҷир. — Агар савдои муҳаббат ба сарам ояд, бехабар набошам, — хушбахту масъуд механдид вай.
— Наздиктар бед....
Довар аз ду дасти ӯ гирифту аз роҳ боздошт. Занҷир бо ҳайрат ба даҳони ӯ нигарон буд. Онҳо лаҳзае рӯ ба рӯ ба чашми якдигар нигариста гирифтанд. Ду нигоҳи амиқ, пур аз розу ниёз, пур аз саволу ҷавоб... Баъд Довар ӯро оғӯш карда бӯсидан хост, аммо Занҷир чолок аз чанги ӯ раҳоӣ ёфту дур гурехт.

пешина
аз 538
навбатӣ