Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мекард, тухм меҷӯшонд, колбасаро дар равған таф медод, хулоса дастархон густурда, таҳтӯл тайёр мекард.
Ин пагоҳӣ чойи ба пиёлаҳо рехтагии ӯ сард шуд, аммо ҳамхонаҳояш ҳанӯз ҳам бо машшотагӣ машғул буданд.
— Ҳой, ҳар ду баробар имрӯз шӯй мекунед, чӣ бало?!
Э, хонаатон обод, бас будагист-е!.. Бобоёни мо фаранҷию чашмбандро аз орою торои занон халос шавем гӯён, расм карда будаанд, акнун донистам, — аз кашолкории ҳамхонаҳо дилтанг шуд Занҷир.
— Занҷири ҷон, ҳолӣ ту ҷавонӣ, ба рӯякои ту, ба чашму абрӯи ту на қалам даркор аст, на сурхию кабудӣ.
Баъди...
Радиои дар девор буда, ки ин дам вазъи обу ҳавои кишварро хабар медод, гуфторашро қатъ карду овози дурушту шамолхӯрдаи амаки Лочин баланд шуд:
«Рафиқони азиз, ҳамкорон, ассаломуалайкум... Пагоҳӣ кати ба шумо аз номи Фабком як хабари зарур... Ҳа, воқеан... Ман — амаки Лочинам, ҳамаатон мешиносед.
Хӯш, гап ҳамин: писари Барфӣ бетоб аст. Ҳамоне, ки ду моҳ пештар аз хизмати ҳарбӣ омада буд. Ҳозир хунравиш қатъ намеёбад. Ҳаёти ҷавон дар хатар аст.
Худатон медонед, Барфӣ ғайри мо ҳеҷ кас надорад.
Шавҳараш се сол пеш аз ин деги буғ кафида ҳалок гашта буд. Духтурҳо гуфтаанд, ки агар сесад-чорсад кас хун диҳанд, писарашро наҷот додан мумкин. Ана, ҳамин тавр... Хӯш, мо маслиҳат карда духтури хунгирро ба фабрика даъват кардем. Ҳар касе, ки хунаш гурӯҳи якуму дуюм бошад, хоҳишмандем ба назди духтури фабрика дарояд. Албатта, хоҳишмандон...»
— Эҳ бечора!.. Ҳама умедаш ба ҳамин писар буд,— даст ба пешонӣ зада, фиғон баровард Ирина. — Ду духтарашро ба шавҳар доду се сол боз аз хизмат баргаштани ҳамин писарро нигарон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё