Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Моҳона гирад ҳам, мукофот гирад ҳам, барои арӯс гӯён ягон хел матоъ мехарид.
— Рӯзи иди занон ба пешқадамон як либоси атлас доданд, ба вай зани солдида аст гӯён, атласи осмонранг диҳанд, вай онро ба атласи сурхи кадоме иваз карда, хурсанд, ки барои арӯсаш куртавори дилхоҳ ёфт. — Салима тухмро пӯст канда, як бор газиду изҳори афсӯс кард.
Занҷир аллакай бо рӯймолча ашкашро пок мекарду рӯяшро ба тарафи тиреза тофта менишаст. Ҳамин ки чашмаш нам гирифт, одатан, пилки дидаву абрӯвони вай сурх мегаштанд. Ин гуна чашмтарии ӯро Салима ҳеҷ хуш надошт.
— Ҳой, духтари бефаҳм, аз афти кор, дар он сӯи уқьёнус ягон капиталист аст ё социалист мурад ҳам, ту дар ин ҷо мотам гирифта, гирья мекунӣ! Бас кун, гир, хӯрокатро бихӯр, меравем, — гуфт оқибат Салима бо тамасхур ва маломати нафратомез. Вай пеш аз ин «ваҳваҳ, ӯҳ-ӯҳ» гӯён Занҷирро барои дилсӯзию ғамшарикиаш мазоҳ дошт.
Дар духтурхона аллакай даҳ-дувоздаҳ тан мардону ҷавонон ғун шуда, хун медоданд. Як ҷавонзани бегона ҳам хундиҳӣ омадаст. Мегуфтанд, ки пор писари нӯҳсолааш аз марази хун ҳалок гашта будааст. Ин саҳар хабари бемории ҷавонро шунида, дар хона нишаста натавонистаст, гирьён-гирьён омадаст. Боз мегуфтанд, ки ин дард ҳар касеро аз ҳаёт бубарад, барои ин зан як мотами дигаре будаст. Боз панҷ-шаш тан мардон ки аз рӯи сару либосашон ронанда буданашон аён буд, ду-се

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё