Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Гапи беҳударо монед. Ман хостгор мефиристам,
— якзайл такрор дошт вай.
«Ҳамин «хостгор мефиристам» гуфтанаш ҳам як навъ оҳанги омирона дорад ва ё ба гӯши ман сахт мерасад, намедонам, — аз дил гузаронд Занҷир. — Ба баъзеҳо ҳамин хел худбоварии ҷавонон ҳам хуш меояд, аммо чаро ба ман маъқул не?»
— Ихтиёри ман... дар дасти падару модарам, — гуфт Занҷир оқибат оҳиста. Овозаш дар гулӯ печида, ба сахтӣ баромад. Сонӣ ҳушашро ба сараш ҷамъ оварду илова кард: — Ман алҳол ба шумо ягон ҷавоби таъин дода наметавонам. Сабр кунед.
— Барои чӣ? А?.. Сабабаш? — ҷавоби саволашро ба исрор талаб дошт Кабир.
— Сабабаш?.. Сабабашро намедонам, — Занҷир ба тарзи мухтасар чӣ ҷавоб гуфтанашро надониста, ба инкор сар ҷунбонду сонӣ иқрор кард: — Кас агар на дӯст дораду на бад бинад, чӣ сабаб мешавад? Ин гапу кори саҳл не, ман метарсам. Ҳолӣ нав ба ҳаждаҳ даромадам.
— Ман медонам, — сухани Занҷирро бурид Кабир,
— лекин рӯирост худатон гӯед... Занҷир, ба ман бовар кунед, сири дилатонро аз ман пӯшида надоред. Ман аз он булҳавасони ҳарзаталош не. Агар шубҳа доред, аз одамон пурсед, фаҳмед.
Занҷир суханони ӯро шунида, аввал хавотиромез ба рӯяш нигарист, ҳатто аз изтироб лаҳзае вуҷудаш арақи сард бароварду фикраш карахт шуд. Аз дилаш гузашт:
«Аз кӣ шунида бошад? Одами боақлу баинсоф гуфта бошад ё ягон ноодам?» Вай хотирпарешон ба пасу пеш нигаристу беҳол дами сард кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё