Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
ба чӯбу тахта худам мӯҳтоҷам...
— Домулло, шунидед, ин бача ба ман тӯҳмат мекунад!.. Шумо гувоҳ мешавед... — Ба Муллоқандов рӯ овард Орифӣ. Ранги вай дока барин сафед гашта буд. — Ин тӯҳмату таҳқирро беҷазо...
— Тӯҳмат?.. — Заҳрханд кард Ғаюр. — Ҳамаашро медонам, гувоҳ дорам... кадом мошин овард...
— Ин ҷо ҳабсхона не, маро бо ИҒВОЮ дасиса наметарсонӣ, авбоши лаънатӣ!.. Гум шав! — Сари дилашро дошта, дардмандона чашмонашро нимкоф карду ба курсиаш нишаст ӯ.
Муллоқандов саросема бархосту аз машраба ба истакон об рехта ба декан дод.
— Ман писари раис нестам, фарзанди як камбағалам, айби ман, буду шуди ман, ана ҳамин, — бо изтироб овозаш ларзон-ларзон гуфт Ғаюр. — Косалесӣ аз дастам намеояд... ришвадиҳӣ ҳам... Аз ман чӣ мехоҳед, ҳеҷ нафаҳмидам.
— Домулло, ин бача маро ҳақорат кард, шунидед?! Гувоҳ мешавед, чӣ гуфт аз ёд набароред!..
Баро, баро... Гум шав!.. Баро!.. Масъалаи туро худи ректор ҳал мекунад!
— Э, равед, аз дастатон омадагиашро кунед-е!..
Ман муаллим гӯён ин қадар сол ҳурмат карда гаштаам! Садқаи ҳурмат шавед!
Ғаюр дарро сахт пӯшида аз хона берун гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор