Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ҳамон рӯз пуршитоб, аз ғазаб бехуд чи гуна аз бинои факультет баромад, ҳеҷ дар ёд надошт. Ба кӯча баромаду ба кадом сӯе пояш кашад, бехабар мерафт. Чунон дар қаҳру алам ғӯтида буд, ки чашмаш ҳеҷ касро намедид. Роҳ мегашту фикр мекард, ки чаро ҳақиқат, адлу ростӣ, виҷдон ва одамгарие, ки шиори ҷамъият аст, дар амал нест, наход ки ин суханон — ҳама лофу газофе барои фиреби соддалавҳон бошад?! Чаро ҳақиқату адолат вақти зарурат ба имдоди кас намерасад? Аслан, худи адолат бошад ё не? Ҳама ташнаи он, ҳама дар талаби он, гӯё оби ҳаёт бошад... Чаро маро ба ҳоли худ намемонанд? А? Ман ба одамон чӣ бадӣ кардам? Чаро ба ман ин қадар кина доранд?.. Ғайр аз ин, барои чӣ, ман танҳо? А?.. Наход, ки Ҳайдар ҳақ бошад? Охир, аксари ҳамсабақон дар гирди вай... Панҷ сол дар донишкада хонда чаро ман ягон нафар дӯсти тарафгир, ҷасуру бебок наёфтам?
Тухми ин хел касонро малах хӯрд магар? Ё худам гунаҳгорам? А? Ба кӣ бадӣ кардам?.. Ба ҳеҷ кас!
Агар мор бошам ҳам, ба касе заҳр назадаам-ку!
Фақат чоплусию тамаллуқкорӣ намекунам, муросокориро намедонам бериё, росту ҳалол зистан мехоҳам. Хӯш, аз ман чӣ мехоҳанд? Рафта ба декан, ба Ҳайдар зорию илтиҷо кунам? «Ман хато кардам, аз гуноҳам гузаред, дигар тезию густохӣ намекунам, чунин номаъқулӣ такрор намешавад, тавба, ҳазор бор тавба» гӯям? Ба онҳо ин хел Ғаюр мефорад, аз гуноҳам мегузаранд, дар маҷлис ба некӣ номамро ба забон мегиранд, тавсифномаҳо медиҳанд...

пешина
аз 538
навбатӣ