Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Баъд чӣ? Баъд... Баъд бо тавсияи хуб ба кор, ба район меравам. Муфаттише, ки маро айбдор, кард, ҳозир прокурор шудаст. Сабзидаст, пеш рафтаст. Агар лаббай гӯям, бешак ба вай ҳам мефорад. Сонӣ кор накарда моҳона гирифта мегардам, зуд боло меравам... Ҳа, агар каҳи кӯҳнаро бод накунаму ба кору вазифаам не, балки маҳз, ба вай садоқати худро нишон диҳам, агар маҳз ба шахси вай хидматгузорӣ кунам, корам пешрав мегардад!.. Дар акси ҳол, як умр азоб мекашам, аз кор ронда, аз кас монда, овораи ҷаҳон мегардам... Майлаш?.. Фикр кун, ҷӯраҷон, фикр кун, Ғаюр, ту акнун бача не... Ё ба ин роҳ меравӣ, ё ба он, ё ба рост, ё ба чап, роҳи миёна нест. Дуруст фикр кун, — мегуфт вай худ ба худ дар мунозираю муноқиша. — Ситораи думдор...
Ситораи думдори наҳс... Ин ҳамааш касофати ана, ҳамон аст! Дигар гап не!..
Аз сари роҳи Ғаюр ошхонае баромаду ӯ ба хотираш расид, ки вай имрӯз наҳорӣ нашикастаст.
Вай ба он ошхона даромада хӯрок хӯрдан хост, вале иштиҳои таомхӯрӣ надошт. Агарчи иштиҳояш набуд, ба ошхона ворид гашт. Баъд ду шиша пиво гирифту сари миз нишаст. Пиворо кам-кам дам кашида, хеле вақтро гузаронд. Мардум хӯроки пешинро хӯрда рафтанду ошхона андаке камодам ва ором гашт. Дар мизи кунҷакӣ се тан мардони миёнсол шароб хӯрда, шоду беғам чақ-чақ мекарданд. Ғаюр ба ҷониби онҳо бо ҳасад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор