Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

нигаристу айёми тракторрониаш ба хотираш расид ва беихтиёр оҳи пурдарде кашид. Сонӣ пешхизматро ҷеғ заду дусад грамм арақ фармуд.
Ҳамон рӯз вай дигар дар шаҳр истода натавонисту баргашта ба деҳа рафт. Дар гумонаш чунин менамуд, ки агар аз ҳамин шаҳри касофатбор берун равад, кулли андӯҳаш аз вай монанди лою гили ба кафшаш часпидагӣ ҷудо гашта мемонаду ӯ боз озод ва сабукрӯҳ зистан оғоз мекунад. Мехост ӯ ба деҳа расида, ҳамаи дарди дилашро ба модар гӯяду синаашро аз андӯҳ холӣ кунад, вале худдорӣ намуд. Ғаюр то ин вақт рози дилашро, дарду ҳасраташро ҳамеша ба модар мегуфт. Ҳамеша модар шарики шодию ғуссаи ӯ буд. Аммо ин бор ӯ ташвиши ба сараш афтодаро ба вай нагуфт. Модар авзои ӯро парешон дида, гаштаю баргашта пурсид, аммо Ғаюр сир надод.
Саҳари рӯзи дигар ӯ боз гашта ба шаҳр омад. Аз мошин фуромаду боз ба факультет рафт. Бо гардани баста, ночор рафт. Ҳамсабақонаш ба сари саломатии модарашро пурсиданд. Ҳайдар, гӯё ӯро надида бошад, беэътино аз пешаш гузашту рафт.
Дили Ғаюр аз он меларзид, ки Ҳайдар боз ягон сухан мегӯяду дар ҷавоб ӯ худдорӣ карда наметавонад. Он рӯз гурӯҳи онҳо ду соат дарс хонду бас. Вақтҳои охир соати бисьёр фанҳо тамом шуда, баъзан ду соат, гоҳе тамоман дарс намехонданд.
Дар пеш имтиҳонҳои давлатӣ мисли роҳи ағбаи мушкилгузар...

пешина
аз 538
навбатӣ