Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Дар роҳ Мирзо аз қафои Ғаюр расида омаду бозуи ӯро гирифт. Ин ҷавони зирак, ҳамеша оқибатандеш, ба хушҳолӣ ва табъи беғубораш ба Ғаюр маъқул буд.
— Тинҷ ҳастӣ, Ғаюр? — Авзои ӯ ба он далолат мекард, ки аз ягон сир воқиф аст.
Дар бобати пеш аз дигарон пай бурдани ҳар хел хабару воқеаҳо вай ба худ ҳамто надошт. Ҳар як воқеаи дар донишгоҳ рӯй медодагиро, ба қавли бачаҳо, аз ректор пештар вай мефаҳмид. Албатта, аз ректор пештар огоҳӣ ёфтанаш муболиға буд, аммо аз аксари донишҷӯёну муаллимон хеле пештар воқиф гаштанашро ҳамсабақон медонистанд. Ӯ он сирро аз куҷо, ба чӣ тарз мешунид, ҳеҷ кас намедонист.
— Тинҷ. Чӣ гапи нав ёфтӣ, Мирзо? — пурсид бепарво Ғаюр, агарчӣ аз сири муҳиме огоҳӣ ёфтани ӯ маълум буд.
— Орифиро дашном додӣ? — савол кард Мирзо.
— Не, кӣ гуфт?.. Ҳамту, мавриди сухан буд, сахт гап задам.
— Нағз накардӣ. Аз шунидам, декан ба ректор рапорт навиштааст, ба ту чора мебинанд.
— Садқаи сар, — даст афшонд Ғаюр. — Танбеҳ медиҳад? Диҳад! Аз стипендия маҳрум карданӣ?
Кунад! Боз чӣ мекунад? Аз донишгоҳ хориҷ намекардагист?
Ҳар ду ҳам лаҳзае хомӯш қадам заданд.
— Ба ман нигар, Орифӣ танбеҳ қатӣ қонеъ намешавад. Ин тоифа агар газад, сахт мегазад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор