Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дигар ба худ намеоӣ... Дар боло ягон кас дорӣ? — Мирзо баъди лаҳзае якбора бо изтироб ба чашми Ғаюр нигариста, ӯро аз роҳ дошт. — Ҳой, ман ҷиддан мегӯям: ягон кас дорӣ ё не?
— Чӣ хел кас? — Матлабро фаҳмида бошад ҳам, беихтиёр савол кард Ғаюр. Вай ҳайрон буд, ки Орифӣ ба ҷуз танбеҳ ва ё буридани стипендия дигар чӣ ҷазое медида бошад. — Дар ин диёр ман худ чи касам, ки боз касе дошта бошам!..
— Хайр, дар вазорат ё дигар идораҳо... Агар як бор телефон кунанд, ҳозир сари вақт аст.
— Ман ҳеҷ кас надорам, ҷӯра... — Баъд пайрави ин сухан илова кард: — Ва кас доштан ҳам намехоҳам.
— Ин хел якравиатро мон, мавриди худписандӣ не, — Мирзо оҳиста таъкид кард: — Инҳо гапашонро бо ректор пазондагӣ барин... Ба ин факультет даромадан осон не. Ман ду сол паёпай аз конкурс афтодам. Ба хизмати ҳарбӣ рафта омадаму соли чорум беконкурс даромадам... Панҷ сол ба сахтӣ хондӣ, фикр кун. Ҳозир сари вақт, ба назди ректор даро, гап чист, фаҳмон, ҳамин хел шуд маҷбур будам гӯй. Инҳо гузаштаатро дастак карда, туро хориҷ мекунанд.
Ба Ғаюр лаҳзае чунин намуд, ки замини таҳи пояш оҳиста фурӯ меравад. Аммо ба рағми иродаи худ гуфт:
— Гумонат Ҳукумати Советӣ фақат аз Орифӣ ва Ҳайдар иборат аст? Не, дӯстам, замони ҳукмравоии ин хел тӯраҳо гузашту рафт. Шукр, акнун ман ҳаққу ҳуқуқи худамро ҳимоя карда метавонам.

пешина
аз 538
навбатӣ