Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Панҷ солро дар кинохонаҳову ресторанҳо нагузаронидаам...
— То исбот мекунӣ... — даст афшонд Мирзо.— Қонунро вобаста ба шароит ва вазъи ҳол бояд...
— Мон, Мирзо, дар коре ки аз дасташ ояд, кунад!
Ман як бор диламро холӣ кардам, дар ҳақаш ҳар чӣ медонистам ва ҳар чӣ мехостам, гуфтам. Узр намегӯям. Дар умрам як бор заҳри ноҳақию беадолатиро чашидаам. Агар ин бор ҳам бегуноҳиамро собит карда натавонам марги ман барин ҳуқуқшинос!..
Ӯ ин суханонро агарчӣ басо дилпур, бо эътимоди қавӣ мегуфт, вале аз хотираш мегузашт, ки ҳамаи ин тӯҳматҳо, ноҳақию бебарориҳо чаро фақат ба сари ман ғун гашта мерезанд?! Наход ки ситораи наҳс гуфтанашон асосе дошта бошад? Дар гузашта вақти таваллуди инсон аз рӯи вазъи ситораҳо қисматашро таъин мекардаанд, неку бадашро мегуфтаанд...
12
Ҳамон рӯз Мирзо аз Ғаюр ҷудо нашуд. Аввал онҳо ба ҳуҷраи иҷораи Карим-ака рафтанд, дар он ҷо боз аз ин боб сухан гуфта, тахминҳо заданд, чораҳо андешиданд, ҳар яке аз рӯи қонуну қоидае, ки медонистанд, ба сари шарикашон Орифӣ чӣ сахтиҳо оварда метавонад, пешбинӣ карданд. Баъд Мирзо Ғаюру Карим-акаро ба деҳааш, ба тӯй бурд.
Деҳаи Мирзо аз шаҳр дар масофаи 10—12 километр, дар мавзеи ободу хуррам воқеъ афтода буд, бинобар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор