Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

он, ҳар ду ҳам зиёда сипоҳигарӣ зоҳир накарда, ҳамроҳи ӯ равон шуданд.
Ҳамон шаб рақсу таронаҳои рӯҳафзо, базм, дидори духтарони шӯхнигоҳ ҳам гиреҳи синаи Ғаюрро накушоданд: вай мерақсид, механдид, аммо дар синааш гӯё санги вазнине овехта буд.
Он шаб бори нахуст суруру шодмонии ҷавонону духтарони деҳаро нигариста, ӯ қалбан беғашию бепарвоии ононро ҳавас кард, ҳасрат хӯрд, ки дигар ҳаргиз мисли онҳо хушнуд буда наметавонад.
Суханони кадоме аз файласуфони пешинро ба ёд овард, ки хандаи бедардонаи гурӯҳи занонро дида гуфтааст: «Агар инҳо ҳар он чӣ ман медонам, медонистанд, ҷои ханда гирья мекарданд».
Дарвоқеъ, чунон ки гуфтаанд: ҳар киро ақл беш, — андӯҳ беш, — мегуфт Ғаюр ҳаёти деҳот ва ҳамсолони худро дар он ҷо ба ёд оварда.
Рӯзи дигар Ғаюр дар назди лавҳаи эълонҳо аз ҳамешагӣ бештар ғун гаштани донишҷӯёнро аз дур диду яқин кард, ки аз хусуси вай фармон аст. Ғаюр аз танбеҳ гирифтан ва ё буридани стипендияаш наметарсид, хавфаш аз он буд, ки танбеҳ медиҳанду сипас то имтиҳони давлатӣ он ҷазоро аз зиммаи ӯ намегиранд ва ба ҳамин усул ба имтиҳони давлатӣ роҳ намеёбад. Аммо ба лавҳа наздик нарафта аз даҳонҳо шунид, ки ӯро аз донишкада хориҷ кардаанд. Бовараш наомад. Наздиктар рафт. Аввал онҳое, ки ба лавҳа наздик буданд, бо овози баланд фармонро гаштаю-баргашта хонданду ӯ шунид, сипас боз наздиктар рафта, бо чашми худ хонд.

пешина
аз 538
навбатӣ