Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Хонду беҳол ба девор такья карда, лаҳзае карахт гашт ё фикраш кор накард. Баъд шитобон берун рафт.
— Не, ҳеҷ мумкин не... — вай ба ҷиддияти фармони ректор бовар кардан намехост. — Охир...
барои чӣ? Гуноҳам чист?.. Наход ин фармон рост бошад?.. То имтиҳони давлатӣ якуним моҳ фурсат монд-а!.. Охир, чаро худамро ҷеғ зада, боре напурсиданд? Аҷиб... Не, Ҳайдару Ғиёс ё кадоме дигар барои тарсондан ё мазоҳи ман фармони сохта часпондагистанд...
Ғаюр хилвате меҷуст, мехост, ки соате танҳо бишинад, бемалол фикр кунад, аммо дар асл зудтар аз назар бадар рафтан мехост. «Хайрият, дар назди лавҳа аз шарикдарсон ҳеҷ кас набуд, хайрияти кор...» — мегуфт вай шитобон аз бинои факультет дур гашта.
Вай осемасар ба сӯи боғи донишгоҳ рафт.
Пас аз он ки дар боғ ҳам хилвате наёфт, ба қафо баргашту ба ҷониби истгоҳи мошин давид. Вай ҳоло қариб ҳеҷ чизро фикр намекард, дар пеши назараш фақат модар, чашмони аз ин хабари шум ғамолуд ва ноумеди модар ҳувайдо буду бас...
Баъди пешин Ғаюр ба донишгоҳ омад, то ба назди ректор дарояд. Аммо ректор ба коре банд будаст, котиба баромада ба нармӣ гуфт, ки ягон вақти дигар ояд, ҳозир димоғашон сӯхтагӣ барин.
Ғаюр пай бурд, ки духтарак ба вай аз рӯи дилсӯзӣ ин хел мегӯяд. Дар асл, ректор ягон ҷавоби сахт додагӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор