Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ман аз таги дарашон намеравам. Аз кабинет бароянд, як бор, бинам. Охир, ин чӣ бедодӣ?! Як бор гуноҳамро напурсида — хориҷ! Хӯш, гуноҳам чист? Дуздӣ кардам? Авбошӣ кардам? Ришва гирифтам? А?...
Ғаюр худ бехабар, гӯё дар рӯ ба рӯяш, котиба нею ректор истода бошад, тамоми гуфтаниҳояшро ба ҳаяҷон ва изтиробе, ки ба гирья наздик меовардаш, гуфт.
— Зиқ нашавед, гуноҳатон набошад, фармонро бекор мекунанд. Бишинед, — гуфт котиба ҳамдардона ба чашмони Ғаюр нигариста.
Ғаюр ним соат дар қабулгоҳи ректор нишаст ё камтар, вале дар ин фурсат аз муомилаи Ҳайдару Ғиёс то Орифӣ — тамоми моҷарояшро бо камтарин ҷузъиёт ба котиба гуфт ва ҳоло ӯро ҳолате рух зада буд, ки ин даҳонкушодагии худро соддалавҳӣ намеҳисобид.
Тарафи бегоҳ, ки соати девор ба шаш наздик мешуд, ногаҳон ректор бо шаст аз кабинет баромаду ба сӯи дар равон шуд. Вай Ғаюрро дар сари роҳи худ дида қадамашро андаке сусттар карда гуфт:
— Шумо ҳақ надоред, ки ходими адлия бошед!..
Ба худи шумо мебояд дафтари ҷиноятӣ кушоянд. Ба ҷои миннатдорӣ, муаллимонро дашному таҳқир кардаед! Як рӯз ҳам дар ин донишгоҳ нагардед.
— Охир, муаллим... — Ғаюр бо тааҷҷуб китф дарҳам кашид, аммо ректор аллакай аз дар берун гашта буд. — Аввал пурсиш...

пешина
аз 538
навбатӣ