Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар берун Карим-ака, Мирзо, Адолат боз ду нафар аз духтарони ҳамсабақаш Ғаюрро иҳота карда, аз хусуси гуфтугӯяш бо ректор пурсиданд.
Баъд тасаллӣ доданд, умедвор карданд, ки идораҳои болоӣ ба ин хел беадолатӣ ҳаргиз роҳ намедиҳанд.
— Фурсатро нагузарон, пагоҳ ба вазорат рав, ба назди вазир даро. Арзамро фақат ба вазир мегӯям, гӯю шин. Ба вазир буду шуди гапро гӯй, — маслиҳат дод Карим-ака. — Ҳаққу ҳуқуқ гӯён фирефта нашав, фурсатро нагузарон.
— Панҷ сол хондан осон не! Давлат чӣ қадар пул сарф кардагӣ. Як даҳан гапи Орифӣ катӣ... Э, тавба... — мегуфт Адолат. — Ректор ҳам ғалатӣ будаанд-ку! Аввал ҷеғ зада, як даҳан пурсанд-дия!
Дар қадим бобоҳои соддадилу кӯрсаводамон нағз медонистаанд, ки гуфтаанд: аввал пурсиш—баъд кӯшиш. Дар факультети ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи инсонро намешиносанду боз таълим медиҳанд!
Дилам монд!
— Ректор ба Орифӣ бовар накарда, ба сухани Ғаюр бовар мекард-чӣ?! Хоҳу нохоҳ худашро сафед мекунад, мегӯяд. Фардо албатта, ба пеши вазир даро, — боз таъкид кард Мирзо. — Агар худи ҳамон рӯз бо ректор вохӯрда, пешакӣ ҳама гапро мегуфтӣ... Инҳо салларо гир гӯянд, калларо гирифта одат кардагӣ. Донишҷӯ дар наздашон ҳу, ҳамон алафи сари роҳ барин, барои як курсию ҷевончаи донишгоҳ ҷавобгарӣ ҳаст, аммо барои панҷсола заҳмати як ҷавон ним саҳифа акт ҳам навишта имзо намекунанд. Харҷи таҳсилаш аз кисаи инҳо

пешина
аз 538
навбатӣ