Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
набошад... Фардо боз як бор аз пеши ректор гузарад-чӣ? А? — Мирзо бо сӯзу гудоз сухан гуфту якбора пешниҳод кард. Сипас ба рӯи Карим-ака нигариста дар ин бобат фикри ӯро фаҳмидан хосту шарҳ дод: — Ҳозир табъи ректор ночоғ, одами шарту пурт, таги гапро нафаҳмида фармонро имзо кардагӣ бошад, то фардо фикр карда, пушаймон мегаштагист.
— Ин гап ҳам ҷон дорад, — гуфт Карим-ака. — Пор ба назди пахтачинон омада «барои чӣ тарозу нест» гӯён валвала кард, ҳамаро аз гӯр гирифта ба гӯр зад, сонӣ оҳиста эзоҳ дода буданд, «ҳа, ин хел гӯед» гӯён аз дамаш фуромада буд.
— Ба пеши ректор боз як бор дароянд, — ин пешниҳодро Адолат ҳам дастгирӣ кард. — Гапу кор чист, як бор гӯянд. Охир, ин кори Орифӣ тамоман ба моддаи 270 мувофиқ аст! Ҳа, сӯиистеъмол аз мансаб, аз ҳаддаш гузарондани ҳокимият...
Ин дам Ғаюр худ ба худ аз дил мегузаронд: «Ман ҳам баробари дигарон ба осонӣ, панҷ солакак хонда, соҳиби маълумоти олӣ шавам?! Нее, қисмат ягон бор сари маро сила накардаст. Вагарна дар остони имтиҳони давлатӣ-я! Бечораро дар болои шутур ҳам саг мегазад...»
Сараввал Ғаюр ба ҷиддияти фармони ректор дар
дил шубҳае дошт, баъд онро саҳви каҷфаҳмӣ
пиндошт ва ҳанӯз ҳам вай дилпур буд, ки ректор агар ҳақиқати ҳолро фаҳмад, дарҳол фармонро мансух мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор