Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
бошад, дар берун гардиш мекунад, сонӣ рост ба синф медарояду дарсашро мегӯяд. Баъзеҳо барин ба назди декан, ба назди мудири кафедра ва дигар казову казоҳо дароям, хушомад гӯям, беҳуда лаққида нишастанро намедонад.
Онҳо дар хоначаи иҷорагии Карим-ака нишаста маслиҳат доштанд. Карим-ака дар тӯли панҷ соли таҳсил ягон бор хобгоҳ нагирифт. Ҳар сол аз гузарҳои гирду атрофи факультет ягон кулбачаи тангро иҷора мегирифту ба майлу муроди худ зиндагӣ мекард. Вақтҳои охир кулбаи ӯ, як навъ клуби гурӯҳе аз ҳамдарсон гашта будаст, аммо Ғаюр аз ин ҳам бехабар мегаштаст.
Ҳанӯз маслиҳати дӯстон напухта буд, ки дарвозаи ҳавлиро кӯфтанд.
— Ин тақ-тақи духтарон. Э, хонаро ба тартиб биёр, — Карим-ака ба Мирзо супориш доду худаш барои кушодани дарвоза рафт.
Мирзою Адолат саросема рӯи миз, фарши хона ва каровотро ба тартиб оварданд, чизҳои паҳну парешонро саришта карданд.
Кавкаб, Мунира ва Зебо бо вағар-вағар ба хона даромаданду дар кулба дигар илоҷи ҷунбидани кас намонд.
Маслиҳати онҳоро шунида Мунира, ки барои бениҳоят лоғариаш “Мӯрчамиён” лақаб дошт, чашмонашро калон карда гуфт:
— Хайр, бед, ба назди муаллим рафта, ҳамаамон илтимос мекунем. — Сонӣ илова кард: — Аз рӯзе, ки фармон баромад, духтарони гурӯҳамон азодор барин, ба лабашон ханда намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор