Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳа, ҳама — хафа, на дарс мехонанд, на аз гулӯяшон хӯрок мегузарад, — гуфт Кавкаб ғамолуда. — Ҳусейну Раҳматулло рафта аз деҳаат барои ту тавсифнома ҳам оварданд. Раиси ҷамоа гуфтаст, ки ман худам ба назди ректоратон меравам, ҳама гапро мегӯям, дар ин дуньё ба одами росту дуруст рӯзи равшан ҳаст ё не?!
— И-и-и!.. — гуфт Ғаюр инро шунида таассуфомез. — Модарам мешунавад...
— Хотиратро ҷамъ дор, раиси ҷамоаро қасам хӯрондаанд, ки то ту худат рафта нагӯӣ, аз ин сир ба касе даҳон намекушояд, — гуфт Мунира бидиррос зада дастони борику дарозашро ҳаракат дода.
— Хуб, қарордодамон ҳамин: ба назди муаллим Комилов бояд худат, танҳо равӣ, — гуфт Каримака. Сонӣ таноби суханро ба шӯхӣ бурду гуфт: — Ҷавобҳои ту ба он кас ҷудо мефорид. Ҷавоби маро шунида, рӯяшро турш мекард. Мабодо боз дуализми ҷисму рӯҳи Декартро пурсад, ҳолам табоҳ! — воқеаи дар имтиҳони фалсафа дармонданашро ба ёд оварда, хандид вай.
— Тамоми ҳамсабақон ғун шуда ба назди ректор равем-чӣ? А? Фаҳмонем, талаб кунем, гӯем, ки ин тавзеҳи нодурусти далелҳо аст, аслан ин тавр не...
Ба ин пешниҳоди соддадилонаи Кавкаб Каримакаю Мирзо табассум карданду ҳеҷ чиз нагуфтанд.
Гап зананд, ба дили Ғаюр сахт мерасид. Қариб аз

пешина
аз 538
навбатӣ