Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Занҷир, ки саросема аз бистар бархоста буд, рӯмоли сарашро дуруст баст. Изтироби дилаш ҳам дар ин миён фурӯ нишаст. Кабир коғазпечи дасташро кушода, як шиша шароби шампан ва як қуттичаро рӯи дастархон ниҳод. Иринаю Салима якбора ба ваҷду шодмонӣ нидои таҳсин бароварданд, ки аз ин кори онон Занҷир хиҷил шуд, дар дилаш ҳамхонаҳояшро маломат кард ва барқасди онҳо ба он қуттича, ки духтарон аз дасти якдигар гирифта, бо завқ менигаристанд, эътибор надод.
— Ваҳ!.. Тухми моҳӣ?
— Ҳатто сурхаш!
— Ташаккур, Кабир. Ин хел чизҳоро аз куҷо, бо чӣ роҳ меёбӣ? Ба мо ҳам сирашро гӯй, — таҳковӣ кард Салима.
— Сираш? — баргашта савол карду мамнун табассум намуда, шонаҳояшро боло кашид Кабир ва сипас гуфт:
— Имрӯз, агар саҳв накунам, одамон бо се роҳ ин чизҳоро дарьёб мекунанд. — Вай асроромез ханда зад, вале хандааш соддалавҳона буд. Сонӣ лаҳзае таваққуф кард, то ки ин ҳикмати нодирро осон гуфта, беқадр насозад. — Аввало — пули калон, сонӣ — мартаба ва вазифаи баланд, роҳи сеюмаш — ошною улфати мӯл дошта бошед!
— Уф-ф... — Ирина дилгир оҳе кашид. Сонӣ ҳасратомез гуфт: — Ин роҳҳо барои пои мо не, ягон роҳи осонтарашро гӯй.
— Чаро? Ноумед шайтон аст, мегӯянд, — гуфт Кабир бесабаб қоҳ-қоҳ зада, дастонашро ба ҳам молида. — Кӣ медонад, ҳар яки шумо фардо ба кӣ зан мешавед? Ба вазир ё мудири база, раис ё...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё