Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳозир ояндаи ҷавонро санҷида, сонӣ шавҳар мекунанд.
Занҷир дар як канори миз амонат нишаста, хомӯш ба ин гуфтугузор гӯш медод. Шишаи шаробро дида, худ ба худ авзои вай дигаргун шуд. Симои Бадалбек ва ишратхонаи вай пеши чашмаш ҷилвагар омад. «Наход ҳамаи мардон ҳамин ранг бошанд? Шароб, ишрат, фисқу фиреб, хиёнат. Аввал гумон мекардам мардони нағз, ҳатман додом барину нокасон монанди Бадалбек арақхӯру серпуланд. Дар фабрика кор карда одаму оламро шинохтам. Дар дуньё ҳазор ранг одам будаст.
Дар деҳа парвои одаму олам надоштам, дар назарам ҷавонон асосан ду тоифа буданд: хушрӯ ва безеб. Акнун он айёмро ба ёд оварда, ба соддагии худ механдам. Ана, ҷавонони шаҳр беибо шишаи шароб дар бағал ба хонаи духтар меоянд, баъзе духтарон қати ҷавонон нишаста шаробхӯрӣ мекунанд, ҳатто сигор мекашанд. Хайр, ин хелҳо ба роҳи худаш, дар ҳама ҷо се-чор тан пешдаргирон ёфт мешавад. Кабир агар ақлашро медавонд, ба ин ҷо намеомад, зарур шаваду ояд ҳам, бешароб меомад...»
Занҷир дар умраш фақат як бор дар базми хатми мактаб, он ҳам аз сари шӯхӣ, рустӣ бо дугонаҳояш ним пиёла барин аз ҳамин хел шароби шампан хӯрда буд.
Дар хонаи онҳо на шароб буд, на шаробхӯр. Баъзе меҳмонҳои шаробхӯр аз ин ҷиҳат дар хонаи онҳо зиёда наменишастанд, бо баҳонае зуд бархоста, ба ягон хонаи шаробрез мерафтанд. Аз ин кори онҳо гоҳе димоғи додош месӯхт. «Ба дидори мо не, барои, арақ омадаст,
— мегуфт додош ғазаболуд бари ҷомаашро афшонда.

пешина
аз 538
навбатӣ