Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз шароб хӯрданд, тухми моҳиро бо равғани зард рӯи нон молида, газакӣ карданд, аз лаззати он ва майдачуйдаҳои дигар сухан гуфтанд, вале сӯҳбати онон чандон даргир нашуд. Иринаю Салима баъди фурсате даробаро якояк номаълум ғайб заданд. Занҷир азбаски дар баҳри андешаҳои беканори худ ғӯтавар менишаст, кай, чигуна рафтани онҳоро сирф пай набурд. Ногаҳон аз олами хаёлот ба худ омаду сар бардошта нигарист, ки дар хона ӯ ба Кабир танҳо мондааст. Ба ин тариқ ӯро танҳо мондани дугонаҳояш ба вай хуш наомад. Аз дилаш гузашт: «Агар ба ҷавони дигаре шавҳар кунаму вай ин мулоқоти маро шунавад, чӣ ҷавоб хоҳам дод?!
Дар хобгоҳи холӣ бо ҷавонон танҳо ба танҳо нишаста, ишқбозӣ доштаӣ» мегӯяд. Ҳар як талабгор катӣ ин тавр вохӯрам, расвою радди оламиён мешавам, дигар гап не...»
Занҷир айёми дар деҳа буданаш, ҳатто рӯзҳои аввали дар шаҳр маскун гаштанаш ҳам амин буд, ки духтарони шаҳр аз қайди бисьёр таассубҳо ва русуми лозиму нолозим фориғ, дар нисбати духтарони деҳа озодтаранд, хушбахттаранд. Вале ҳоло пай мебурд, ки вай ба шаҳр ояд ҳам, аз чи бошад, ки духтари шаҳрӣ буда наметавонад... Не, сад кунад ҳам, расму қоидаи деҳаи худро пушти по заданаш осон набудаст. Аҷаб не, баъзе духтарон тавонанд, аммо вай наметавонад. Хуб, агар саркашию нописандӣ кунаду ба ҳамааш тфу гӯяд, чӣ мешавад?.. Ӯ дар сари ин нуқта хеле вақт андешиду сипас дилгирона оҳи пурдарде кашид.

пешина
аз 538
навбатӣ