Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
- Кабир ва Занҷир
— Занҷир, ба ман ин қадар бо шубҳа нанигаред.
Азбаски дар корхона фурсати бафурҷа ҳамгап шудан нест, ба ин ҷо омадам. Мехоҳам ба тарзи ҷиддӣ гуфтугӯ кунем, — гуфт Кабир, чунон ки андешаҳои Занҷирро хонда бошад, узромез. Вай аз дастархон чашм набардошта бо тамкини махсус ва оҳанги эътимодбахш сухан мекард. — Шуморо дӯст медорам... Агар хато накунам, шумо ҳам...
Занҷир ду дасташро ба рӯяш ниҳод, то хандаи чашмони ростгӯяшро аз чашми ҷавон пинҳон кунад.
Вазъи гуфтугӯ ҷиддиятро тақозо дошт.
— Агар ба ман бовар накунед, бигзор хешу таборатон омада, аз маҳаллаамон киву чӣ будани маро ҳам, хонаводамонро ҳам пурсанд, фаҳманд. Ана, худатон як сол боз маро мешиносед, ҳар рӯз мебинед. Аз чашму гӯши ҳамкорон ҳеҷ гапу кор пинҳон намемонад.
— Ҳамин хел вохӯрӣ ҳам? — худдорӣ карда натавонист Занҷир.
— Ман бори аввал... Аз ин пеш ҳаргиз бо духтарон мулоқот надоштам, намедонам. — Баъд илова кард: — Ҳарчанд талабгорони ман ҳам дар институт, ҳам дар корхона аз мӯи сарам кам набуданд...
— Бовар мекунам,— гуфт Занҷир ба тамасхур чашм аз як нуқта наканда. Кабир ин тамасхури ӯро ба дил сахт гирифт. Ба миён сукунати вазнине афтод.
— Хуб, чӣ мегӯед? А, 3анҷир? Агар розӣ бошед, ба падару модарам гӯям? — Ӯ ба ин духтари густох аз кадом паҳлу наздик шуданашро намедонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё