Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Занҷир қабл аз он, ки ҷавоб диҳад, дуру дароз хомӯш нишаста, андешид. Кабир дар ин миён боз саволашро такрор кард. Аз моҷарои вай бехабар будани Кабир, таҳдиди Бадалбек, чӣ одам будани Кабирро возеҳ надонистанаш, норавшании ҳиссаш Занҷирро ба он водор доштанд, ки муҳаббати ҷавонро рад кунад. Кию чӣ будани ӯро надониста, нафаҳмида талаби хостгорӣ кардани Кабир ҳам дар дили вай шубҳа ангехта буд.
— Ҳар чӣ гуфтанӣ будам, дар корхона гуфтам-ку,— Занҷир бебок чашм ба чашми ҷавон дӯхта, лаҳзае авзои ӯро мулоҳиза намуд. — Ба рад кардани муҳаббати шумо асосе надорам, ба ризоият ҳам. Ба фикрам, мо якдигарро кам мешиносем. Шумо ҳам киву чӣ будани маро намедонед, ман ҳам.
— Падару бобоёнамон рӯи духтари арӯсшавандаро надида, ҳамхона мешуданд, ману шумо ҳамин қадар вақт якдигарро дида, озмудем, магар ин кам аст?.. Як духтари ҳамсояи мо санҷидаю дониста шавҳар мекунам гӯён, аз ин монд, аз вай монд, оқибат пирдухтар шуд.
Мегӯянд, ки агар одам санҷидаю гашта хонадор шавад, баръакс, зуд аз якдигар дилмонда мешавад. Медонам, шумо ба сари худ ин масъаларо ҳал намекунед, рафта маслиҳат кунед.
— Аз саросема шавҳар ёфта, сонӣ бадбахт шудан, пирдухтар будан авлотар не? — Сухани Кабирро бурида, зуд савол кард Занҷир. Сонӣ пайрави суханаш гуфт: — Баъзе одамро дар як рӯз мешиносед, баъзе касонро барои шинохтану фаҳмидан солҳо ҳам кам аст.
— Занҷир сукут кард, вале ба дил мегуфт: «Чаро бесабаб ҳам сари инро, ҳам сари худамро гаранг мекунам, рӯирост бояд ҳама сиру савдоро гӯям, аздусар гуфтанам даркор аст».

пешина
аз 538
навбатӣ