Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
оварда монду Назир як савол катӣ басту партофт, мот шуд.
Калонтарин алмосай ё брилиант намедонам, чиққа мега. Малим надонист. Сонӣ худаш гуфта дод. “Куллинай” мега. Се ҳазор кило будай!.. А куҷо ин чизора медонад, ҳама ҳайрон.
Бо худаш пинакаша вайрон намекунад-е! “Ҳеҷ гап не, малим, шимо инстита хундагӣ, мо аз паи гову гусола гаштем”, — мега. Гапа ёфтанаша бин.
— Се ҳазор кило не, қирот будагист, — дар охир бо табассуми латиф сухани ӯро ислоҳ кард Файзалӣ. — Алмос ва дигар сангҳои нодиррор бо қирот андоза мекунанд. Як қирот медонӣ чанд грамм аст?
— Чум, — бепарво китф боло кашид Рашид ва шармида табассум кард.
— Як қирот 0,195 грамм аст.
— Шумо аз адабиёт дарс медиҳед? — пурсид Рашид боз бо табассуми бемаъно ба рӯи вай нигариста.
Файзалӣ пай бурд, ки писаракро одат гаштаст, ки агар ба сухан лаб кушояд, ғайриихтиёр табассум мекунад.
— Бале.
Рашид бо чӯбчаи дасташ машғули ба замин хаткашӣ хомӯш монд. Файзалӣ пай бурд, ки ӯ мусоҳибаи фардоинаи вайро бо маҳмадонои синф — Назир пеши назар меорад.
— Хуб, Мулло Рашид, бигӯ, ки аз адабиёт бори охир муаллим ба шумо кадом мавзӯъро гузашта буд? — савол кард Файзалӣ ва ба умеди ҷавоби бача ба чашми ӯ чашм дӯхт.
Рашид ба ҷои ҷавоб бемаъно табассум мекард.
— Дар ёд надорӣ?
— Ҳамаи ин гапҳо дар ёди кӣ меистад?! Вақти дарсда китоба бикушом, ба хотирам мерасад... Китобамро биёрам?
— Не, лозим не... Хуб, ку аз Рӯдакӣ ё Фирдавсӣ ягон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё