Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баромадаст. Сонӣ нигарам — нест. Кадомаш гирифтаст.
Чашми ино як чиза набинад…
Чун аз боғча баромадем, Шаҳриро маломат кардам.
Аммо саҳеҳтар андешидаму ба вай дилам сӯхт. Баъд ба ҳамаи ин бачаҳо раҳмам омад. Аслан, агар саҳеҳтар андешед, мураббӣ ҳам бечора… Не, аз афти кор, ман кам-кам ба шаҳр хӯ мегирам. Одат накарда ҳам мешавад?! Силсилаи иммунии ҷисми ман ҳам кор мекунад, аз ҳамлаи микроорганизмҳои бегона ҳушьёрона маро ҳифз мекунад... Ана ҳамон иммун дар роҳи муҳофизат созгорӣ ҳам мекунад... Вагарна ҷисми инсон нобуд мешавад. Офарин ба гипофиз, ба гипоталамус! Ба тартибовардагони адаптация!

Соли 1975.

ШИКАСТ

Файзалиро ба ҷои як нафар муаллими ба хизмати ҳарбӣ рафтагӣ ба мактаби деҳа ба кор фиристоданд. Директори мактаб, нархи сабзию пиёзро напурсида, “тайёрӣ бинед, пага ба дарс медароед”, гуфт. Файзалӣ ҳарчанд узр овард, ки китобу дафтар ва дигар чизу чора наовардааст, гӯш накард.
— Ҳеҷ гап не, сонӣ рӯзи истироҳат рафта чизу чораатонро мебиёред. Соати дарс сӯхта наравад, дароед, — гуфт.
Дар паҳлуи бинои мактаб барои иқоматаш як ҳуҷрача доданду вай дар он ҷо ҳамон бегоҳӣ бо талабаи синфи ҳаштум Рашид ҳамсӯҳбат шуд. Рашид писари боғбони мактаб будааст.
Файзалӣ дар хусуси мардуми деҳа, мактаб ва талабагону муаллимон аз ӯ хеле гапҳоро дониста гирифт. Дар хусуси маҳмадонои синфи ҳаштум — Назир писарак ҳавасангез, бо фахр ҳикоя кард.
— Э-э вай, Назир а директир ҳам наметарса, ай мудир ҳам... Хайр, чӣ отааш раиси матлуботай! Малим ҳам, директир ҳам, раис ҳам бо ӯ баробар намеша. Дута мошин доранд!..
Э-э, агар ба хонааш дароӣ, ба ғайри ҷони одам, ҳама чиз ҳастай. Як рӯз костюми наппа нави ҷинсра ҷағ-ҷағ дарронду партофт... Вай гап назана, ки гап мезана?! Дар хонааш як қуттӣ лаб-лаб тули дорад, ҳамааш хориҷӣ. Як рӯз якеша кӯҳна гӯён ба як бача дод. Кайф карда пӯшида гаштаст. Чӣ хел малим биёд, вай мот мекунад! Порсол ҳам аз шаҳр як маллимаи хушрӯ омад, фасонаш ана ҳамту! — Рашид сарангушташро бардошта таъкид кард. — Рӯзи аввал ба синф даромаду Назир уна як савол катӣ басту партофт, “Мурғ пеш пайдо шудай ё тухм?” — мега. Малима ҳеҷ чӣ гуфта натавонист. Муаллими физикаро чӣ, ҳаму рӯз директир таъриф карда, ба синф дар-

пешина
аз 192
навбатӣ