Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

баромад. Табассуми вай ҳамту аз ошноӣ, аз мамнунияти шиносоӣ буд. Аз талабагон оҳиста кадоме ҳуштак кашид. Муаллим гӯё онро нашунида бошад, баргашта нанигарист, бепарво рафту журнали синфро кушод. Ӯ ному фамилияи 23 нафар талабагони синфро тез-тез хонда, якборӣ ба рӯи ҳар яке нигарист ва баъд бархосту сухан сар кард.
— Дар рафти дарсҳо бафурҷа ба ҳам ошно мешавем.
Ман ният дорам, ба хонаводаи ҳамаатон рафта, бо падару модар ва дигар наздикони шумо ҳам шиносо гардам.
— Як савол? — ангушти ишорати дасти росташро саҳл бардошту сухани ӯро бурид Назир.
Файзалӣ ба вай бо ишора “сонӣ” гуфту доир ба тартиби мавзӯъҳо, китобҳои зарурӣ суханашро идома кард.
Баъди якчанд дақиқа Назир даст бардошту бо овози баландтар, ҳатто андаке асабонӣ сухани ӯро бурид:
— Аввал, ба саволи мо ҷавоб битед!
Файзалӣ хомӯш гашту лаҳзае чашм ба рӯи Назир дӯхт.
— Шумо ба мо гӯед, ки Рӯдакӣ кӯрай ё бино?
— Дигар гап надоред?
Файзалӣ дубора ба рӯи талаба зеҳн монд. Ӯ чунон менигарист, ки гӯё Назир ҳозир аз рӯи ягон кашфиёти гӯшношунидае парда мебардошта бошад.
— Не, — гуфт Назир содалавҳона, дар ҳолате, ки чашмонашро калон кушода бо ҳайрат ба муаллим менигарист.
— Ин тавр бошад, андаке босабру батамкин бошед, вақте ки ҳаёти Рӯдакиро мехонем, ман мегӯям, ки ӯ кӯр буд ё бино.
Гӯё ин суханон ба Назир дахле надошта бошанд, ӯ тару часпон гуфт:
— Мора мебахшед, лекин одами кӯр китоб хонда, шеър

пешина
аз 192
навбатӣ