Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
навишта наметавона! Ё ягон каси дига навишта додай?
— Гапи беҳударо монед, вақтро нагиред, — қатъӣ сухани ӯро бурид Файзалӣ. — Ба фикрам, ман возеҳу равшан ба шумо гуфтам. Ё сухани маро нафаҳмидед?
— Не, бо инхел гапо... намеша. Ба мо ҷавоб битед! — исрор мекард Назир.
— Доир ба Рӯдакӣ чанд соати алоҳида дорем. Ҳамон вақт мефаҳмонам.
— Не, медонистагӣ одам ҳозир мегӯяду мемона...
— Хуб, дар танаффус ба назди ман оед, — гуфт Файзалӣ бо шиддаттар овозашро сар дода.
Файзалӣ инро гуфту оид ба тарзи иншоҳое, ки имсол бояд талабагон нависанд, сухан сар кард. Бачаҳо аз ҳар тараф ба сӯи Назир ишораҳои гуногун доштанд, баъзе чунон пичиррос мезаданд, ки Файзалӣ дар миёни суханаш равшан мешунид:
— Натарс...
— Суст набиё...
— Чап дода, халос шуданиай.
— Намонуш. Ба қапқон бигир!
— Ҳа, сонӣ мегум ки гуфт, намедона.
Аз миён панҷ дақиқа вақт гузашт ё не, Назир боз аз ҷо бархоста, сухани Файзалиро қатъ кард:
— Шумо аввал ба саволи мо ҷавоб битен, итари “сонӣ мегум”, намеша. Агар намедунистагӣ бошед, рӯирост “намедонум” гӯед.
Оҳанги ситезаноки сухани Назир ба муаллим сахт расид магар, лаҳзае бо тааҷҷуб ба рӯи ӯ нигарист.
— Ту ба дарс халал расондӣ, бача! Аз ин хел беадабиат падару модарат хабар доранд ё не? Агар тоқат надорӣ, дар та-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё