Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
наффус ҷӯраҳоят катӣ наздам биё. Дар бораи Рӯдакӣ ҳанӯз шумо маълумоти казоӣ надоред. Филм ё спектаклашро дидаед, баҳси кӯр ё биноиаш ба гӯшатон расидааст, халос. Доир ба кӯри модарзодиаш ҳам, дар хусуси кӯр карданашон ҳам далелҳо бисёранд. Ҳеҷ ҷои аҷобат не, дар таърих шоирони нобино кам нестанд. Ана, Ҳомери юнониён, шоири араб Ал- Мааррӣ...
— Гапро ба дигар нагардонеду аниқ гӯед: ё “ҳа” ё “не”,
— Назир имкон надод, ки муаллим суханашро ба поён расонад. Баъд бо ҳайрат ба рӯи вай нигариста монанди муаллим ӯро ноҳинҷор сохт магар, ба атрофиёнаш нигариста, ғолибона хандид. Атрофиён ба расми ҳамовозӣ ба ханда ҳамроҳ шуданд. Фақат духтарон бетараф хомӯш монданд.
Назир аз дастгирии рафиқонаш шердил гашту гуфт:
— Ҳамааш дурӯғ! Исбот карда наметонед. Шеъри шоири дигара Рӯдакӣ меганд. Рӯдакӣ гуфтагӣ шоир нестай. Кинош ҳам дурӯғ. Афсона! Набошад, исбот кунед! Ҳа?
Бачаҳо бо таҳсин ва мафтунӣ ба вай менигаристанд. Аз нигоҳи онҳо чунин маънӣ метаровид: “Офарин, ана ҳамин хел боб кун! Ин гапҳоро аз куҷо медонӣ ту? Муаллим намедонад, ана гаранг шуд...”
—Сонитар ин мавзӯъро мегузарем, ман ҳамон вақт ҳамаашро мефаҳмонам... То он вақт шумо китоби шеъри шоирро хонед.Ягон байт шеъри ӯро нахонда, надониста, аз ваҷҳи кӯр ё биноиаш баҳс кардан маънӣ надорад. Ба саволҳоятон ҳамон вақт ҷавоб медиҳам, майлаш? — гуфт муаллим бо табассуми ороми худ Назирро бештар оташин карда.
— Одами медонистагӣ шаф-шаф нагуфта мегӯяд...
— Бас! — мизро мушт зада якбора фарёд зад Файзалӣ.
Шогирдон як қад париданд. Духтарон безобита гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё