Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аммо ҳеҷ ҷуръат накард. Сонӣ тасмим гирифт, ки ба таътили тобистона меояду албатта розашро ба Сабо мегӯяд, дигар таъхир кардан мумкин не. Сабо аз вай ноумед гашта бо як ҷавони дигар қавлу қасам карданаш мумкин. Ана, таътилот ҳам шурӯъ шуду вай ба деҳа омад. Аммо ҳоло фурсати ин ҳарфҳо не — модараш маризанд. Сабо чӣ фикр мекунад: дар хона модараш бемору ин ҷавон чӣ хаёлҳое дорад! Сонӣ…
ҳоло барвақт… вақти ин гапҳо не, — мегуфт вай худ ба худ.
Ман акнун ҳабдаҳро пур кардам. Сабо аз ман як сол хурд…
Эҳ, тезтар очаам сиҳат шуда, ба по мехестанд. Ҳозир апаам нигоҳубин мекунанду ман ба ҷои вай Сабо катӣ гӯсолабонӣ мекунам. Таътил ба охир расад, баъдан чӣ мешавад?
Ӯро дар деҳа ҳоло ҳамчун домпизишк мешинохтанд. Воқеае рух доду Ромишро ба ин касб муаррифӣ кард: Нағмагари думоҳа аз юнучқаи нав сер шуда, варам карду қариб, ки мурад.
Ромиш ба тарафи молпарваришгоҳ давид, аммо дар он ҷо гуфтанд, ки байтор нест. “Гӯсола дар ҳоли мурдан аст, чӣ кор кунам?” гӯяд, мудир китф дарҳам кашида гуфт: “Аз дасти ман чӣ меояд, писар, ман духтур набошам”. Ромиш ба хунсардии вай ҳайрон шуд. Ба молу мулки колхоз баъзеҳо бепарвоӣ мекунанд, вале то ин ҳад фориғбол буданро надида буд. Баъдан вай шитобон ба сари гӯсола расид. Нағмагар дар дами ҳалок буд. Ҳамроҳи Сабо зуд оташ равшан карду дами кордашро ба он дошта, аз уфунат пок сохт ва шиками варамидаи гӯсоларо шикоф кард. Бодро бароварду ҳам шикамба ва ҳам пӯсти Нағмагарро бо сӯзани ба алав доштаи Сабо бо риштаи оддӣ дӯхт. Сипас гӯсоларо то шом баста нигоҳ дошт, то ки такон нахурад. Ғайриимкон, вале гӯсола сиҳат ёфт. Ҳоло дар русто аз наққошии ӯ ҳарф занед, даст меафшонанд, аммо дар хусуси ҷарроҳии вай хурду бузург ба таҳсин лаб кушода, “дасташ

пешина
аз 192
навбатӣ