Зеҳн
Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

сабук будаст, худо умраша диҳад” мегӯянд.
Ромиш баъди он ки нишаста, андаке нафас рост кард, бархосту марғзорро давр зада донистан хост, ки ҷару ҷӯи гӯсолаҳо ногаҳон афтода маъюб мешуда набошад. Дар пеш — сой, ду тараф бо шаху зов — қалъабанд. Гӯсолаҳо аз ин марғзор фақат қафо гашта берун рафта метавонанду бас. Вай ана ҳамин роҳи қафоро гирифта, дар сояи зарбед қарор гирифт.
Асбобу анҷоми рассомиро кушода, бо сиёҳқалам ба кашидан шурӯъ кард. Ҳоло дар маҷмӯаи наққошиҳои ӯ хеле лаҳзаҳои дилчаспи чарогоҳ акс ёфтааст. Вай соли аввали омӯзишгоҳро ба итмом расонида, алъон донишомӯзи соли дуввум ҳаст. Албатта, тасвирҳояш ҳанӯз хом, мазмунан рангин ва амиқ не.
Шояд замоне рассоми моҳир шавад, шӯхии ин гӯсолачаҳои шайтонро мукаммал тасвир мекунад. Чунон наққошӣ кунад, ки ҳар кас бинад, ба димоғаш бӯи марғзор ояд, баоси гӯсолаҳоро баръало шунавад.
Бо таҳдид ба Алмос пуфу куф кардани Майдаяки думсафедро тамошо кунед! Саг монанди баҳодуре, ки шӯхию густохии кӯдакро тамошо дорад, бо як ваҷоҳати аҷиб ба гӯсолача нигариста ғур-ғур мекунад. Ғурриши саг дар ин гуна мавридҳо таҳдидомез нест, балки мисли оҳанги лабханд ва ё ҳазлу навозиш дошта аст. Ана, Олуфта шабеҳи аспи пойга гирдогирди марғзор метозад. Одати вай ҳамин тавр аст, баъзан худ аз худ бесабаб, баъзан ягон ғурмагас газад, аз аламаш ба тохтан сар мекунад. Олуфта ном гирифтани вай беасос нест:
ҳамеша худро покиза нигоҳ медорад, танашро лесидагеш — лесидагӣ. Сағриҳояш ҳамеша шона задагӣ барин.
Наздики нисфирӯзӣ сояе рӯи қоғаз лағжиду Ромиш сар бардошта Саборо дар канораш дид.
— Оҳиста омада, тарсондан мехостӣ?

пешина
аз 192
навбатӣ